Муовини пешниҳодии Ромнӣ аз сиёсати хориҷии Обама интиқод кард

Муовинони Обама ва Ромнӣ.

Шаби панҷшанбе номзадҳои курсии ноиб-президенти Амрико дар як мубоҳисаи мустақим рӯ ба рӯ шуданд.
Шаби панҷшанбе дар аёлати Кентакӣ, воқеъ дар ҷануби ИМА дар ягона мубоҳисаи мустақими номзадҳои курсии ноиб-президенти ИМА номзади демократ ва ноиб-президенти кунунии ИМА Ҷо Байден бо номзади ҷумҳурихоҳ, узви Конгресси ИМА Пол Райан рӯ ба рӯ шуданд. Мубоҳисаи онҳо аз сиёсати хориҷӣ оғоз ёфт.

Райан ҳамла болои консулгарии ИМА дар Либия ва куштори сафири амрикоиро шаҳодати камбудии сиёсати хориҷии президент Обама номид. Ӯ гуфт, сиёсатҳои президент Обама ноамниро дар сарои олам тавсеа додааст.

Аммо Байден гуфт, фоҷеаи Бенғозӣ шаҳодати вусъати масъала аст. Байден афзуд, ки ИМА муваффақ шуд, ки эътилофи байналмилалиро таҳким бахшад.
Пол Райан ҳамоно маъмурияти президент Обамаро бо намоиши заъф дар саҳнаи байналмилалӣ муттаҳам кард.

Райан гуфт: “Мо наметавонем иҷозат диҳем, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ҳоло биёед, бубинем, ки дар куҷо ҳастем. Вақте Барак Обама президент интихоб шуд, онҳо имкону мавод доштанд, ки як бомба тавлид кунанд, Ҳозир онҳо метавонанд 5 бомбаи ҳастаӣ тавлид кунанд. Онҳо дар ҳамин самт ҳаркат доранд. Онҳо чо сол ба тавлиди силоҳаи ҳастаӣ наздик шуданд. Мо чор бастаи таҳрими Эронро дар СММ доштем. Се бастаи он дар давраи президентии Буш ва ҳоло фақат як баста зам кардаем, ва Русия таъсири онро ҳам онро суст намуда, имкон надод, ки таҳримҳо бонки марказиии ин кишварро дар бар гиранд.”

Вале Байден ба ӯ имкон надод, ки фикрашро идома диҳад. Байден гуфт, ки маъмурияти Обама шадидтарин таҳрим бар зидди Эронроо ҷорӣ кардааст.
Ӯ гуфт: “Ин шадидтарин таҳрим дар таърихи таҳримҳо аст. Вақте ҷаноби Ромниро дар ин бора суол карданд, ӯ гуфт, ки ин таҳрим бояд идома ёбад. Вақте шумо дар бораи чораи бештар ҳарф мезанед, шумо гуфтанӣ ҳастед, ки шумо мехоҳед Ҷанг кунед? Ҳамин аст, тасмими шумо?”

Сипас номзадҳо ба арзёбии вазъи Афғонистон рӯй оварданд. Ҳар ду довталаби курсии ноиб-президент мувофиқ буданд, ки то охири соли 2014-ум нерӯҳои ИМА бояд аз Афғонистон берун шаванд.

Бар пояи назархоҳиҳо, дар аввалин мубоҳисаи мустақими номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии ИМА довталаби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ довталаби демократ ва президенти феълии ИМА Барак Обамаро ноком карда буд. Худи Обама низ эътироф кардааст, ки дар мубоҳиса худро хуб нишон надод.