Тазоҳургаронро аз маркази Уш пароканда карданд

Пулиси Қирғизистон тақрибан 400 тазоҳургарро, ки аз маркази шаҳри Уш пароканда кард, ки ба нишони ҳимоят аз се вакили боздоштшудаи порлумон дар онҷо ҷамъ омада буданд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни бархурди тазоҳургарон бо пулис, дар рӯзи панҷшанбе чаҳор нафар аз афсарони пулис захмӣ шудаанд. Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон ба тазоҳургарон иҷоза надоданд, ки дар маркази шаҳр хайма зада дар он гуруснанишинӣ кунанд. Ин тазоҳургарон мехоҳанд, ки Қамчибек Тошиев, Содир Ҷабборов ва Талант Мамутов, се вакили порлумонро раҳо кунанд, ки ҳарсеи онҳо ҳафтаи бо иттиҳоми барангехтани бетартибиҳои оммавӣ боздошт шуданд.