Бонки Осиёии Рушд тасмим гирифтааст, дар давоми ду соли оянда ба Тоҷикистон 200 миллион доллар кумаки било иваз ё худ грант тақдим намояд. Дирӯз дар Душанбе баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиб-президенти Бонки Осиёии Рушд Ҷао Юҷао гуфт, ки бо мақсади беҳбуди инфрасохтори роҳҳо, таҳкими амнияти энергетикӣ ва рушди сектори хусусӣ ин бонк дар солҳои 2012-2014-ум ба Тоҷикистон 200милиион доллар грант медиҳад. Юҷао таъкид кардааст, ки аз соли 1998 ба ин тараф Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллар кумаки молӣ расондааст ва феълан дар ин кишвар бо кумаки Бонки Осиёии Рушд лоиҳаҳои баробар ба 530 миллион доллар иҷро мешаванд.