Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, синни гирифторони бемориҳои равонӣ дар кишвар сол то сол ҷавонтар мешавад. Ҳоло аксарияти ин беморон 18 то 35 сола ҳастанд.
Нилуфар, як сокини шаҳри Душанбе ба ҷавониаш нигоҳ накарда, аллакай чанд бор ба мутахассиси равоншинос муроҷиат намудааст. Ӯ мегӯяд: "Дар давоми ду сол ман се маротиба ба равоншинос муроҷиат кардаам. Барои табобати асабҳоям тақрибан 1000 сомонӣ сарф намудам. Фикр мекунам, имрӯз аксарияти ҷавонон бо сабаби мушкилии молӣ ба чунин бемориҳо гирифтор мешаванд."
Одил, як ҷавони 27 сола низ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо гуфт, ки солҳои охир бинобар мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили надоштани манзили шахсӣ ва зиндагии бесарусомон дар хонаҳои иҷора, бекорию бепулӣ ва танҳоӣ, зуд-зуд ба депрессия ва ё худ фишори равонӣ гирифтор мешавад. Ба гуфтаи Одил, ҳатто лаҳзаҳое низ шудаанд, ки аз сабаби рӯҳафтодаҳолӣ талоши худкушӣ низ кардааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин авохир мавориди даст ба худкушӣ задан миёни сокинон, ба хусус ҷавонони ноболиғон зиёд ба чашм мерасад, ки ба таъкиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба бемориҳои равонӣ низ рабт мегирад.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ миёни наврасон 39 талоши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар аст.
Хуршед Қунғуротов, намояндаи Вазорати тандурустӣ феълан дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор нафар зиёда аз 600 бемори равонӣ рост меояд ва ҳанӯз наметавон чунин бемориро як мушкили умда шумурд. Ҷаноби Қунғуротов омили асосии ҷавон шудани ин бемориро дар никоҳи хешутаборӣ мебинад, «нафарони камақл, ки модарзод таваллуд шудаанд, ба касалии Дауна ҳаст, камақлие, ки дар натиҷаи осеби мағзи сар ба вуҷуд меояд, вобаста ба ҳамин касалиҳои равонӣ тамоюл ба ҷавоншавӣ дорад».
Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик дар ин бора назари дигар дорад. Ин равоншиноси тоҷик ба фарқ аз Хуршед Қунғуротов ин мушкилиро ҷиддӣ мехонад ва мегӯяд, ки бемориҳои равонӣ дар қиёс ба солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон ба маротиб рӯ ба афзоиш овардааст. Ҷаноби Кабирӣ меафзояд: «Давраи Шӯравӣ масалан иттилоот камтар буд фақат чӣ ҳодисаву воқеае, ки дар ҳукумат мешуд, ҳамонро мардум медонистанд. Ҳозир, масалан, ҳатто кӯдак аз интернет, аз олам, коинот, аз зери замин, аз ҳама чиз дарак дорад. Иттилооти зиёд сабаби сарф шудани қувваи асаб аст. Барои ҳамин дар баробари ин дар хориҷа инкишофи самтҳои нигаҳдории саломатӣ, равонии мардумро нигоҳ мекунанд».
Ба эътиқоди Маҳмуд Кабирӣ дар Тоҷикистон системаи тиббӣ танҳо ба бадани инсон равона шудааст. Вале ӯ меафзояд, то бадан бемор шудан, аввал инсонро фикру, эҳсосот ва табъаш бемор мешавад, ки бояд чунин нафарон ба равоншиносон ё худ психологҳо муроҷиат намоянд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, чунин мутахассисон дар кишвар ангуштшуморанд ва мардум маҷбур мешавад ба домуллову табибон муроҷиат кунанд, то ба қавле «ҷин»-ҳояшонро бароранд. Ин аст, ки ба таъкиди ин равоншиноси тоҷик, домуллову табибон ба беморон шифо набахшида, баръакс вируси «ҷин»-ро ба бадани онҳо бештар ворид месозанд.
Дар ҳамин ҳол Хуршед Қунғуротов, мутахассиси Вазорати тандурустӣ низ ба норасоии пизишкони равоншинос ё худ психиатрҳо дар кишвар таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ ҳоло теъдоди ин мутахассисон ба 136 нафар расидааст, ки барои пурра зери назар гирифтани беморони рӯҳӣ кофӣ нест.
Зимнан, ба манзури ҳалли мушкилот дар ин росто, Вазорати тандурустӣ тасмим дорад, то дар ояндаи наздик Барномаи нави стратегиеро дар соҳаи саломатии рӯҳӣ барои солҳои 2012 то 2022 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, феълан дар дунё бештар аз 450 миллион нафар аз бемориҳои равонӣ азият мекашанд. Ва тибқи пешбиниҳои созмони мазкур, то соли 2020 бемориҳои равонӣ ба сафи 5 касалии калидӣ ё асосӣ шомил хоҳад шуд.