Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамла ба Малоларо маҳкум мекунад

Малола Юсуфзай

Ҷомеаи ҷаҳонӣ сӯиқасд ба ҷони Малола Юсуфзай, духтараки 14-солаи покистониро маҳкум мекунад. Рӯзи сешанбе бар асари як ҳамла, ки масъулияташро толибон бар ӯҳда гирифтанд, Малола аз сараш тир хӯрд.

Парвиз Ашраф, нахуствазири Покистон ин ҳамларо маҳкум намуд ва Малоларо “духтари Покистон” номид. Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд изҳор намуд, ки ҳамла ба духтараки покистонӣ “амали тарсуёна ва ваҳшиёна” аст. Лайло Зарругӣ, намояндаи вижаи СММ дар умури ширкати кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона низ ҳамла ба Малоларо шадидан маҳкум кард.

Малола Юсуфзай айни ҳол дар бемористон аст. Табибон тирро аз сари ӯ берун карданд ва вазъашро “мӯътадил” арзёбӣ мекунанд.

Малола дар блогаш дар интернет бештар дар бораи рафтори ғайриинсонии толибон нисбати мардуми маҳаллӣ менавишт.