"Мардони таърихсоз» китоби навест, ки дар Душанбе ба зевари чоп ороста шуд.
Ин маҷмӯа иборат аз мақолаҳо, достонҳо, назарот, ёддошту шеърҳо роҷеъ ба се шахсияти барҷастаи таърихи муосири Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ, сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва волии кунунии вилояти Балх Атомуҳаммади Нур мебошад, ки солҳои мухталиф дар ҳафтаномаи «Миллат» чоп шудаанд.
Китоб бо талоши Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «АФРӮЗ» ва ҳафтаномаи «Миллат» бо теъдодӣ 500 нусха ва бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ва сириллик чоп шуда, ҳовии аксҳои ранга ва ҷолиб аз ин се шахсияти барҷастаи Хуросонзамин мебошад.
Раҳматкарими Давлат, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз мураттибони ин маҷмӯа, ҳадаф аз нашри ин китобро шиносонидани муштаракоти миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ хонд, ки он метавонад барои ҳамбастагии бештари мардуми минтақа дар ин ҳавзаи тамаддуни фарҳангӣ, хизмат кунад.
Маросими рӯнамоӣ ё муаррифии китоби "Мардони таърихсоз" шоми сешанбеи 9-уми октябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ва бо ҳузури густардаи сиёсатмадорон, дипломатҳо, донишмандон, рӯзноманигорон ва ҷамъи зиёди ҳаводорони ин шахсиятҳо, баргузор шуд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдуғафури Орзу дар ин ҳамоиш таъкид намуд, ҳамчунон, ки тамаддуни ин ҳавза моли муштараки ҳамагонӣ аст, шахсиятҳо ҳам ба ҳама мардуми ин ҳавза тааллуқ доранд. Ӯ Бурҳониддин Раббониро шахсияти фаротар аз марзҳо донист, ки яке аз муҳандисони сулҳи Тоҷикистон низ буд ва барои истиқрори сулҳ дар кишвараш Афғонистон қурбон шуд.
Шоири саршиноси тоҷик устод Мӯъмин Қаноат, ки чанд сол қабл «Масъуднома» офарид, зимни баррасии шахсияти сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, ӯро шахсияти чандбуъдӣ тавсиф кард, ки ҳам ошиқ буд ва ҳам миллатдӯсту истиқлолхоҳ. Ҷаноби Қаноат аз он изҳори таассуф кард, ки то ба ҳол дар Тоҷикистон дар мавриди Масъуд коре анҷом нашудааст ва ин «қарзи мо ҳаст, ки қаҳрамононамонро ба наслҳои баъдӣ бишиносонем.»
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ зимни ёддоварӣ аз охирин мулоқоти худ ва ҳайати Тоҷикистон бо устод Раббонӣ дар ҳошияи нишасти Бедории исломӣ дар Теҳрон дар нимаи дуввуми моҳи сентябри соли 2011 ва ҳамагӣ се рӯз қабл аз шаҳодати ӯ, баён дошт, ки устод Раббонӣ як шахсият миллӣ, аммо на мунҳасир ба як гурӯҳ, қавм ва ҳизби хос буд. Оқои Кабирӣ афзуд, ки дар он мулоқот Бурҳониддин Раббонӣ ваъдаи сафар ба Тоҷикистонро доданд ва ногуфтаҳоеро аз ин дунё бо худ бурданд, ки ният дошт ҳини сафар ба кишвари мо, матраҳ намояд.
Оқои Порсо, ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мақом ва эътибори Бурҳониддин Раббонӣ дар кишвараш ёддоварӣ намуда гуфт: «Эшон азизи Эрон буданд, охирин медолро, охирин мулоқотро ва охирин аксро дар Эрон гирифтанд.»
Комил Бекзода, файласуфи тоҷик Масъудро шахсияте хонд, ки ба таъбири ӯ "танҳо буд", гарчи зоҳиран бо ҷомеа мезист. Ба андешаи ҷаноби Бекзода, сипаҳсолор Масъуд як шакли таҷдидшудаи миллиро мехост, ки дар ҷомеаи суннатии Афғонистон матраҳ кардани он ба осонӣ даст намедод.
Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон –«АФРӮЗ» ва сардабири нашрияи «Миллат» ба зарурати идомаи чопи силсилакитобҳо дар ин мавзӯъ таъкид кард ва аз ҷонибҳои дигар низ даъват намуд, ки дар ин росто саҳми худро бигузоранд. Хонум Адолати Мирзо ҳамоно ба зарурати бозгашт ба ҳуруфи арабиасосӣ форсӣ таъкид намуд, ки дурӣ аз он форсии Фарорудро дар баробари гӯишҳои дигари форсӣ, нотавонтар кардааст.
Дар маҳфил донишмандон Қосимшоҳ Искандаров, Сайфуллоҳ Сафаров, Ойниҳол Бобоназарова, рӯзноманигор Толибшоҳи Саидзода низ сӯҳбат намуданд ва шоирон Гулрухсор Сафӣ, Меҳриниссо ва Рустами Ваҳҳоб шеърҳои худро ба самъи ҳозирон расониданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад