Таҷлили "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Имрӯз, 10 октябр октябр ба унвони "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон эътироф шудааст ва ба ин муносибат ҳар сол дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байналмилалии «Фалак» баргузор мешавад.
Ҷашнвораи имсола ҳунармандони фалаксаро аз Чинро низ ба Тоҷикистон овард. Ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳҳои ҳунарии фолклории Чин дар фестивали «Фалак» ширкат мекунанд. Фестивали байналмилаии «Фалак», ки аз рӯзи 8 октябр дар Тоҷикисон оғоз шуд, имрӯз поён хоҳад ёфт.

Ба ин тартиб дар ин ҷашнвора ҳунармандони мардумӣ ва фолклоршиносони Русия, Эрон, Афғонистон, Чин ва Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ ширкат доранд. Ҳамчунин дар ин фестивал, гурӯҳҳои фолклорӣ ва дастаҳои ҳунарӣ аз ҳамаи навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар даъват шудаанд. Ҷашнвораи «Фалак» аз соли 2004 инҷониб дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадафи аслии он, густариши ин жанри мусиқӣ аст.

Зимнан, жанри “Фалак” бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ буда, ҳунармандони маъруфе, чун Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин жанранд. Бо он, ки давлати Тоҷикистон талош дорад, то ин жанри мусиқии мардумии тоҷикро оламгир кунад, аммо фарҳангшиносон бар ин назаранд, ки то кунун фалак натавонистааст, ба фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шавад.

Мунира Шаҳидӣ, фарҳангшинос ва раиси Бунёди байналмилалии ба номи «Зиёдулло Шаҳидӣ» бар ин бовар аст, ки ҳанӯз ҳам мусиқии фалак ба истилоҳ дар «деги дохилӣ» -и Тоҷикистон меҷӯшад. Вай мегӯяд, бояд фалак ба фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шавад ва барои ин давлати Тоҷвикистонро лозим аст, то ҳар чӣ бештар иқдомоти ҷиддитареро рӯи даст бигирад. Хоса, дар канори густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар ин росто, бояд ин жанри мусиқӣ бо мусиқии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон омезиш ёбад.

Ҳамзамон вай мегӯяд, он гуна, ки ҷашни «Наврӯз» байналмилалӣ шуд, "Фалак" низ бояд ба ибтикори давлати Тоҷикистон ба унвони як фарҳанги башарӣ матраҳ ва аз сӯи Созмонҳои байналмилалӣ, назири ЮНЕСКО эътироф шавад.