Тоҷирон аз мавсими бозгашти муҳоҷирон ва вуруди бештари пул ба кишвар сӯиистифода намуда, нархи молу маҳсулоташонро ба маротиб боло бурдаанд.
Савдогарони бозорҳои Тоҷикистон бо назардошти бозгашти муҳоҷирони тоҷик ва афзоиши қобилияти харидории мардум, нархҳоро қимат кардаанд.
Сӯҳроб, як нафар тоҷири бозори «Корвон», эътироф мекунад, ки раванди бозгашти муҳоҷирон барои болоравии нарх дар бозорҳои кишвар мусоидат кардаст. Вай мегӯяд баргаштани муҳоҷирон қобилияти харидории мардумро бештар мекунад ва нархгузориҳо дар бозор бо назардошти имконияти харидорон сурат мегирад: «Дар бозор, ки нишастӣ, ба қавле психолог мешавӣ. Мефаҳмӣ, ки кадомаш мардаки оддӣ аст ва кадомӣ аз Русия омадааст ва то қадри имкон дарк карда, нарх мегузорӣ».
Дар ҳамин ҳол раванди гаронишавӣ на танҳо бозори маҳсулоти ниёзи аввал, балки бозори мошину хонаро низ фаро гирифтаст.
Илҳомхон Халилов, муассиси сомонаи интернетии «Автошоп», ки хариду фурӯши мошинҳоро амалӣ месозад, мегӯяд, он, ки дар фасли тирамоҳ бо баргашти муҳоҷирон нархи мошинҳо афзоиш меёбад, дар Тоҷикистон ба як чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Вай мегӯяд, «Нархи мошинҳои қимат то 20 дарсад, мошинҳои арзон то 10 дарсад боло рафтааст.Ҳар қадар халқи мо серпул шавад, ҳамон қадар нарх «осмонӣ» шудан мегирад».
Халилов, мегӯяд бо фарорасии фасли баҳор, ки муҳоҷирон маблағашонро масраф намуда, аз нав роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, нархи автомашинаҳо ҳам поён хоҳад рафт.
Дар баробари ин Наҷмиддин Каримов, як масъули оҷонсии хариду фурӯши хона, низ аз афзоиши нарх дар бозори амволи ғайриманқул сӯҳбат мекунад. Ҷаноби Каримов мегӯяд, «якҳуҷрагиҳое, ки чанде пеш 23-26 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доштанд, ҳоло ба ивази 29-30 ҳазор доллар ҳам намеёбӣ. Ё ин ки меёбиву таъмир надорад. Нархи хонаҳои якҳуҷрагӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе, ҳоло аз 29 то 35 ҳазор доллар аст».
Ба гуфтаи Наҷмиддин Каримов, манзилҳои заминӣ низ ба таври чашмрас, то 4 - 5 ҳазор доллар қиматтар шудаанд.Ин тамоюл дар бозорҳо ба амалӣ шудани нақшаю мақсадҳои муҳоҷирон халал ворид кардаст. Зафар, як муҳоҷири тоҷик, ки ба наздикӣ аз Русия баргаштааст, мегӯяд, 5 моҳ онҷо бо мардикорӣ машғул буд ва дар ин муддат 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ба хона фиристодааст.
Зафар ният дошт бо ин маблағ хонае бунёд намояд, аммо мегӯяд, пули коркардааш аз сабаби гаронии нархҳо танҳо таи чанд муддат барои хариди маводи ғизоӣ ва сару либоси хонаводааш мерасаду халос. Ин мусоҳиби мо бо таассуф илова кард: «Тобистон аз Москва телефон карда, нархи тахта барои сохтмони хонаро пурсидам. Ҳудуди 300 доллари амрикоӣ гуфтанд. Аммо ҳоло аллакай нархи тахта 360 доллар шудааст. Ман бо нияти тӯй, бо нияти сохтани
хона ба муҳоҷират рафтам, лекин пули овардаам хонаву тӯй як тараф истад, танҳо барои шикамамон мерасаду халос».
Дар ҳамин ҳол Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, иброз дошт, ки сарозер шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан танҳо ба нархи бархе аз маҳсулот таъсири худро гузоштааст. Ба гуфтаи Саидов, солҳои пеш системаи интиқоли маблағ фаъол набуд ва муҳочирон дар моҳҳои октябру ноябр маблағҳои коркардаашонро бо худ меоварданд. Феълан аз ҳисоби муҳочирон воридоти маблағ ба Тоҷикистон аллакай аз моҳҳои июн сар мешавад.
Аз назари ин коршинос, дар пайи бозгашти муҳоҷирон асосан нархи маҳсулоти ғайрихӯрока боло меравад: «Аз он ҷумла ба нархи мошинҳо таъсир мерасонад, зеро муҳоҷирон худ омада, мошин харидорӣ мекунанд».
Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик, дар қатори омилҳои асосии афзоиши нарх дар Тоҷикистон, пойбандии бозорҳои кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, боло рафтани боҷи гумрукӣ, пасту баланд шудани нархи сӯзишвориро дар бозори ҷаҳонӣ ном бурд.