Дар Тоҷикистон баъди соли 2004 касеро эъдом накардаанд, вале ҳукми олӣ дар қонуни ҷиноӣ боқӣ мондааст.
Имрӯз дар саросари олам барои нуҳумин бор Рӯзи байналмилалии мухолифат ба ҳукми қатл таҷлил мешавад. Эътилофи байналмилалии зидди ҳукми қатл, ки дар он созмонҳои ғайридавлатии саросари олам узвият доранд, дар соли 2003-ум 10-уми октябрро Рӯзи байналмилалии мухолифат ба ҳукми қатл эълон кардааст.
Ба қавли эътилоф дар давоми нуҳ сол шумораи кишварҳое, ки дар он ҳукми қатл вуҷуд надорад, афзоиш ёфт. Феълан 141 кишвари олам ҳукми қатлро аз қонуни ҷиноӣ ё комилан берун кардаанд ва ё ҳадди ақалл иҷрои онро манъ намудаанд.
Тоҷикистон дар соли 2004-ум, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд. Дар санади Афви байналмилалӣ омадааст, Тоҷикистон дар соли 2011 ба ҳеҷ кас ҳукми қатл надода ва касеро ҳам эъдом накардаст. Аз сӯи дигар, зиндониёне, ки барои як умр маҳбус шудаанд, аз тарафи давлат афв намешаванд.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар Афви байналмилалӣ (Amnesty International) дар гузориши солонааш мегӯяд, соли 2011-ум дар 20 кишвари ҷаҳон камаш 676 нафар эъдом шудаанд. Дар гузориши ин созмон бо унвони "Ҳукми эъдом ва иҷрои он дар соли 2011-ум" таъкид шудааст, ки бахши аъзами эъдомҳо дар Чин, Ироқ, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Амрико ва Яман ба вуқӯъ пайвастаанд.
Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сухангӯи Amnesty International Лидия Аройо гуфт: “Моҳи августи соли 2011-ум дар Тоҷикистон қонуни афв тасвиб шуд, вале афродеро, ки ҳукми қатл гирифтаанд, ба афв шомил накарданд.” Ӯ афзуд, Тоҷикистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказист, ки дар он масъулони ҷиноятҳои маъмулӣ низ метавонанд ҳукмҳои сангин бигиранд. Дар Тоҷикистон асосан ба фармондеҳони давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва ё ҷинояткороне, ки бо ҳадафи пулу мол даст ба куштори одамони бегуноҳ задаанд, ҳукми абад медиҳанд.
Моҳи марти соли равон ҳангоми арзёбии вокуниши Тоҷикистон ба гузориши Созмони Милал дар бораи вазъи ҳуқуқи башари ҷумҳурӣ дар Женева, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири адлия Рустам Менглиев гузориш дода буд. Ӯ гуфт, бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии лағви комили ҳукми қатлро баррасӣ мекунад.
Ҷаноби Менглиев гуфт: "Дар кишвари мо раванди ба истилоҳ гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ идома дорад. Як идда фаъолиятҳо аз қонуни ҷиноӣ берун карда шудаанд ва ё муҷозоти он сабуктар шудааст. Дар ҷумҳурӣ манъи иҷрои ҳукми қатл амал мекунад. Мо ҳаракат дар ин самтро идома дода, машваратҳо дар масъалаи эътирофи протоколи дуюми факултативии Эъломияи умумии ҳуқуқи шарҳвандиву сиёсиро қабул мекунем."
Вазири тоҷик ҳамчунон ёдовар шуд, ки бо машварати созмонҳои ҳуқуқи башар, Тоҷикистон муҷозот барои шиканҷаи маҳбусону афроди боздоштшударо сангинтар намуд.
Хонум Аройо бар ин назар аст, ки истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ва дарёфти эътироф аз роҳи зурӣ мояи нигаронии созмони онҳост: “Вақте мурофиа ноодилона асту шаҳодатро метавон аз ҳисоби шиканҷаву фишор ба даст овард, баъзеҳо имкон меёбанд, мардумро ба эътирофи ҷурми содир кори кардаву нокардаашон маҷбур намуд. Ба ҳамин восита имкон дорад, ки шахси бегуноҳ муҷрим дониста шавад ва аз ҷумла ба ҳукми олӣ маҳкум гардад. Ин аст, ки мо тарафдори комилан аз эътибор соқит шудани ҳукми олӣ ҳастем."
Бо онки ҳукми қатл дар Тоҷикистон иҷро намешавад, вале бархӯрд ба зиндониёне, ки ҳукми абад гирифтаанд, дигар нашудааст. Наздикони афроди маҳкум ба ҳабси абад аз он шикоят доранд, ки ҳукумат ҳуқуқи ин маҳбусонро маҳдуд мекунад.
Давлатмоҳ Хоҷаева, ҳамсари Сангак Сафаров, фармондеҳи собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон низ мегӯяд, идораи маҳбас ба ӯ иҷозат надодаст, ки ба фарзандаш маводи ғизоӣ барад.
Аммо бо ин ҳол ҳам хешу табор аз мороторияи ҳукми қатл дар Тоҷикистон хушҳоланд ва умед доранд, ки бо кӯмаки вакилони дифоъ солҳои ҳукми наздикони худро коҳиш диҳанд. Умуман соли гузашта 18 ҳазору 750 нафар дар саросари олам ба эъдом маҳкум шуда, мунтазири иҷрои ин ҳукм буданд.