Озарбойҷон 22 нафарро ҷосус хонд ва зиндонӣ кард

Додгоҳи Озарбойҷон 22 нафарро бо гуноҳи тарҳрезии амалиётҳои террористӣ алайҳи сафоратхонаҳои Амрико ва Исроил дар шаҳри Боку аз 10 то ба 15 соли таҳаммул дар зиндон маҳкум кард. Ҳамаи ин афродро моҳи март бо иттиҳоми иртибот бо Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон боздошт карда буданд. Вазорати умури дохилии Озарбойҷон гуфт, ки аз ин афрод силоҳу муҳимот ва аз ҷумла маводи тарканда мусодира кардааст. Муносиботи Эрон бо Озарбойҷон аз моҳи феврал бад шудааст, чун дар он замон гузориш расид, ки Озарбойҷон аз Исроил бо арзиши як миллиарду 600 миллион доллар аслиҳа харидааст. Эрон дар моҳи феврал Озарбойҷонро муттаҳам кард, ки ҷосусони Исроилро барои ҷосусӣ аз фаъолиятҳои Эрон ба қаламраваш роҳ медиҳад.