Арнолд: "Аз зиндагиям филм гиранд, касе бовар намекунад"

Арнолд Шварстнегер

Арнолд Шварстнегер дар китоби тозанашри худ моҷароҳои зиндагии шахсӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла ҷудоӣ аз ҳамсарашро ривоят кардааст.
Арнолд Шварстенегер, Терминатори пешин, қаҳрамони варзиш ва раҳбари собиқи иёлати Калифорнияи Амрико, дар китоби нави худ -- "Ёдоварии комил” ба моҷароҳои зиндагии шахсӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла ҷудоӣ аз ҳамсараш пардохтааст.

Ба навиштаи рӯзномаи англисии "Телеграф", Арнолд Шварстнегер, ки баъд аз хатми давраи фармондории иёлати Клифорния дар донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ аз сиёсати умумӣ дарс мегӯяд, ин рӯзҳои зиндагияшро дар инзиво паси сар мекунад.

Ҳамсари Арнолд моҳи майи гузашта ва пас аз ифшои робитаи махфии шавҳараш бо хидматгори хона хостори талоқ аз вай шуд. Ҳосили робита бо хидматгор фарзанде дигар барои Арнолд будааст.

Гузашта аз ин, рӯзҳои муваффақияти қаҳрамони ҷаҳон низ ба зоҳир ба сар омада ва Арнолд дар ҳоле дафтари фармондори ҳаштумин иқтисоди бузурги ҷаҳон, яъне Калифорнияро тарк карда, ки мизони маҳбубияти ӯ ба зери 20 дарсад поин омада буд. Чунин натиҷаи чашмрас нобовариро барои ояндаи сиёсии Арнолд ва вурудаш ба Маҷлиси Сенат рақам задааст.

Арнолд дар китоби нави худ тамоми зиндагияшро ривоят кардааст. Аз ҷумла, чигуна бо хидматгори хонааш вориди робита ва аз ӯ соҳиби як писар шуд, ки ин ин рӯзҳо 14-сола аст. Ин робита дар миёни сиёсатмадорони Амрико низ мисли бомба сару садо барпо кард.

Пас аз ба дунё омадани Ҷозеф, солҳо замзамаҳое ба гӯши ҳамсари Арнолд мерасид, ки ин фарзанд ҳосили робитаи Арнолд ва хидматгори манзилашон аст. Бо ин ҳол, ин роз то муддатҳо ва замоне ки Ҷозеф шабоҳати зиёде ба Арнолд пайдо кард, сар ба мӯҳр боқӣ монд. Ҷолиб он ки ҳамзамон бо бордории хонуми хидматгор, ҳамсари Арнолд низ обистани фарзанди дигари қаҳрамони ҷаҳон буд.

Ношири китоби Арнолд Шварстнегер эълом карда, ки ин китоб бепарда ба ин достони шигифтангез пардохта ва ҳеҷ нуктаеро пинҳон нагузоштааст. Худи Арнолд низ ба сабки таблиғҳои ҳолливудӣ гуфтааст, "агар аз зиндагиям филм бисозанд, ҳеҷ кас бовар намекунад, масирҳое, ки интихоб кардам, шуғлҳое, ки ба даст овардам. Достоне, ки худатон медонед. Аммо оё омодаи шунидани он бахше аз достон ҳастед, ки то кунун намедонистед?"