НАТО идомаи тамрини сарбозони афғонро баҳс мекунад

Тамрини афсарони афғон

Имрӯз дар Брусел нишасти дурӯзаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви паймони НАТО ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки дар он мин ҷумла идомаи тамрини афсару сарбозони афғон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014-ум баҳс мешавад. Тасдиқи ин барнома имкон медиҳад, ки коршиносони НАТО чорчӯб ва хароҷоти тамрину дастгирии нерӯҳои амниятии афғонро ҳисоб кунанд. Мансабдорони ғарбӣ мегӯянд, иҷрои ин барнома бояд дар таҳкими нерӯҳои амниятии Афғонистон кумак расонда, аз бозгашти Толибон ба сари қудрат ҷилавгирӣ кунад.