Вазорати маорифи Тоҷикистон ба донишҷӯи тоҷик Улуғбек Баротов барои пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмиллалии кимиё дар Амрико, 100 сомонӣ ва як дастгоҳи сартарошӣ тӯҳфа кард.
Ин дар ҳолест, ки Баротов дар миёни фиристодагони 79 кишвари дунё ҷои аввалро гирифт ва медали тилои олимпиадаро ба даст овард.
Вай бо “ибрози ташаккур” ба Вазорати маориф мегӯяд, ки барои дар чунин олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ғолиб омадан заҳмату талоши зиёде сарф мешавад ва дар кишварҳои дигар барои чунин дастовард ба олимони ҷавон то 60 ҳазор сомонӣ тӯҳфа медиҳанд.
Улуғбек Баротов инро ҳам эътироф мекунад, ки дар Тоҷикистон қадрдонии воқеӣ аз барандагони мусобиқаҳои илмии ҷаҳонӣ ҷой надорад. Сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон Маҳмудхон Шоев қазияро ин гуна шарҳ дод: “Улуғбек дар литсейи тиҷоратии тоҷикӣ-туркӣ таҳсил мекунад ва ин литсей мустақилона барандагони олимпидаҳои фаннии байналмиллалиро бо туҳфаҳои шоиста қадрдонӣ мекунад. Аслан дар будҷаи мо барои қадрдони чунин мактабачаҳо пул ҷудо нашудааст. Вале бо вуҷуди он мо кӯшиш кардем, ки ин ҷавонони лаёқатмандро бо туҳфаҳо қадр кунем”.
Вале агар намунаи Мавзуна Чориева муштзани тоҷикро ба ёд орем, метавон гуфт, дар қиёс бо барандагони олимпиадаҳои илмӣ, ғолибони олимпиадаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон бо ҳиммати баландтар қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизаҳои пулии дарёфткардаи Мавзуна танҳо аз раисҷумҳур Эмомолӣ Раҳмон 200 ҳазор сомонӣ буда, ҲНИТ, шаҳрдории Душанбе ва Кӯлоб манзили дуҳуҷрагӣ, сеҳуҷрагӣ ва панҷхонадор туҳфа карданд.
Пас аз он, ки аз бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон бо медали биринҷӣ баргашт ва дар Тоҷикистон ӯро хеле гарм пазироӣ ва бо туҳфаҳои молии калон ва хонаҳои истиқоматӣ қадрдонӣ шуд, дар маҳофили Тоҷикистон дубора баҳси ба истилоҳ “физику”, “лирик” рӯ зад. Зиёиён ва дигар афроди саршиноси кишвар суолеро матраҳ карданд, ки чаро дастовардҳои аҳли зиё ва ҳунар мисли дастовардҳои варзишгарон қаддрдонӣ намешавад?
Абдуфаттоҳ Ҳотамов, роҳбари гимназияи русӣ - тоҷикии «Ҳотам ва ПВ», ки чандин нафар аз дастпарварони мактабаш дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардаанд мегӯяд, ҷавононе, ки дар олимпиадаҳои байналмиллалии илмӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, бояд на камтар аз варзишгарон қадрдонӣ шаванд: “Барои ман арзиши дилхоҳ медали олимпиадаи фаннӣ аз медали тиллои олимпиадаи варзишгарон болотар аст. Агар ман имконият медоштам ба нафароне, ки дар олимпиадаҳои илмӣ соҳиби медал гаштаанд, ҳам мошин туҳфа мекарадам, ҳам хона”.
Ҷаноби Ҳотамов афзуд, ки сатҳи рушди ҳар кишвар ва зиндагии мардум аз дараҷаи тараққиёти илмҳои техникӣ сахт вобаста аст. Дар дунё ҳам ҳамон кишварҳое пеш мераванд, ки ба илмҳои техникӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва бо техника бештар сару кор доранд, на он кишварҳое, ки дорои захираи зиёди канданиҳои фоиданоканд.
Ҳотамов афзуд, ки аксар дастпарварони мактаби зери раҳбариаш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа таҳисл мекунанд, чунки онҳоро дар он ҷо бештар қадр мекунанд: “Аксар шогирдони мо бидуни супурдани имтиҳони дохилшавӣ шомили донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷа мешаванд. Онҳоро дар он ҷо қадр мекунанд ва онҳо натанҳо бепул таҳсил мекунанд, балки стипендияҳои хуб низ мегиранд”.
Ҷаноби Ҳотамов ҳамчунин иброз дошт, ки бархе аз шогирдонаш дар Шветсария ва Ҷопон низ дар аспирантура таҳсил мекунанд ва стипендияҳошон аз маоши вазирҳои Тоҷикистон чанд маротиба баландтар аст.