Шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Абдунабӣ Эгамбердиев, ки дар сӯхтори рӯзи 29 сентябри корхонаи нафти Югра 65 дарсади баданаш сӯхта буд, дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузашт. Дар ин сӯхтор 5 шаҳрванди тоҷик ҷон бохта, 3 тани дигар, аз ҷумла Эгамбердиев ҷароҳат бардошта буд. Ин фалокат дар маҷмӯъ ҷони 11 нафарро гирифт. Ҷанозаи 4 муҳоҷири тоҷикро ҳафтаи гузашта ба Душанбе оварданд. Ширкати “ИнвестОйл” ба хонаводаҳои ҳар кадом аз қурбониён 500 000 рубли русӣ ҷуброн ваъда кардааст.