Мақомоти Туркманистон, Гелдимурод Нурмуҳаммадов, вазири собиқи саёҳӣ ва фарҳанги ин кишварро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи хешовандонаш, вазири собиқро мӯътоди маводи мухаддир эълом карда ва гуфтаанд, ки ӯро бояд то шаш моҳ дар шифохона дар вилояти дурдасти Дашоғуз нигаҳ доранд. Дар Туркманистон барои истеъмоли маводи мухаддир ҷазо медиҳанд. Гелдимурод Нурмуҳаммадови 59-сола, ки аз соли 1992 то соли 1995 соли гузашта дар мусоҳибае бо бахши туркмании Радиои Озодӣ сиёсатҳои раиси ҷумҳури Туркманистонро башиддат танқид карда буд.