Эмомалӣ Раҳмон. 20 сол дар сари қудрат
Моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.
Раҳмон дар ҳоле ба қудрат расид, ки Тоҷикистон гирифтори ҷанги дохилӣ буд.
Бо мадади СММ, Русия, Эрон ва раҳбарони Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд миёни ҳукумати Раҳмон ва мухолифони он созишномаи сулҳ ба имзо расид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ лаҳзае пас аз имзои санади тафоҳум дар Теҳрон.
Сарони мухолифон ва ҳукумати Тоҷикистон баъд аз имзои қарордоди сулҳ дар Маскав дар ҳузури раисиҷумҳури Русия, Борис Елтсин, 27-уми июни соли 1997.
Бозгашт ба Душанбе пас аз имзои созишномаи сулҳ дар Маскав, 27-уми июни соли 1997.
Раҳмон раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро "падар" номида буд, вале дертар равобиташ бо ӯ ба сардӣ гароид.
Аёдат аз Нурии бемор дар тирамоҳи соли 2005.
Пас аз раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2006.
Ҳамроҳ бо раиси Маҷлиси миллӣ Маҳамдсайид Убайдуллоев дар бунёди пайкараи Исмоили Сомонӣ.
Раҳмон бунёди нерӯгоҳи Роғунро яке аз ҳадафҳои худ қарор дод.
Бо раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2.
Дидор бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар Завидово, пас аз аввалин саркашии Раҳмон аз ширкат дар ҳамоиши сарони ИДМ, 24-уми феврали соли 2009.
Дар дидор бо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, 22-юми октябри соли 2011.
Мунаққидонаш ӯро айбдор мекунанд, ки ба маросими ифтитоҳ зиёд ширкат мекунад.
Раҳмон талош мекунад, як президенти мардумӣ бошад.
Мунаққидон мегӯянд, мулоқоти ӯ бо мардум сохта ва намоишист.
Аксҳои раисиҷумҳур дар ҳама ҷо ҳаст.
"Дар кисаам дигар кадр намонд..."
Ҳузури густардаи наздикони Раҳмон дар иқтисоду тиҷорат ва мансабҳои давлатӣ мояи интиқод шудааст.
Дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат хоҳад кард.