Дар Душанбе намоиши мӯди тарроҳони ҷавон барпо шуд, ки дар асли худ бесобиқа будааст.
Даҳ тарроҳи ҷавони тоҷик, ки тоза ба ҳунари эҷоди либос ва тарроҳӣ қадам мениҳанд, беҳтарин намунаҳои эҷодиёти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Маросими мазкур зери унвони «Design Dushanbe 2012″, ки ба мавзӯи либоси зани коргар ихтисос ёфт, чанд рӯз пеш баргузор шуд.
Муаллифи озмун як фаъоли ҳуқуқи башар ва корманди соҳаи рушди инсонӣ, хонуми амрикоӣ Меридин Пӯрвз (Marydean Purves) аст. Вай, ки 11 соли охир дар Тоҷикистон ба сар мебарад, се сол пеш барномаи «Design Dushanbe 2012″-ро роҳандозӣ кард, ки ҳадафи аслиаш, мусоидат ба занон ва саҳмгузорӣ дар мубориза зидди хушунати хонаводагӣ мебошад. Ҳоло, мегӯяд вай, ин тарҳ то ба марҳилаи рушди саноати мӯд ва соҳибкорӣ дар миёни занҳо баланд шудааст.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе хонум Пӯрвз гуфт:
- Солҳои охир ман дар барномаҳои гендерӣ ва аз рӯи ихтисосам дар гузашта хеле зиёд бо занҳо, дар бахши техникӣ ва беҳдошт кор кардаам. Тамоми ин муддат ҳаминро мушоҳида кардаам, ки занҳо бо вуҷуди тавону имконияти зиёде, ки доранд, барои худ кори хеле каме анҷом медиҳанд. Дар муддати 11 соли зиндагиам дар Тоҷикистон ман ба мӯду тарроҳӣ майли зиёд пайдо кардам ва дар маросимҳои
намоиши либос дар факултаи дизайни Донишгоҳи технологии Душанбе иштирок кардам. Соли 2010, дар як чунин маросими намоиши либос ҳамроҳ бо гурӯҳи дӯстони дигари хориҷиам иштирок кардам ва ба хулосае омадам, ки шоҳкориҳои тарроҳони ҷавони тоҷик мутаассифона танҳо дар муҳити хеле маҳдуди тамошобинон намоиш дода мешаванд. Ва мо ба чунин қароре расидем, ки бояд ба онҳо шароити беҳтари намоиши эҷодиёташонро ташкил кунем, - гуфт хонум Пӯрвз.
Ӯ мегӯяд, ки маъракаи нахустини намоиши либоси тарроҳони ҷавон, ки соли 2010 барпо шуд, бо мақсади пешбурди ҳунарҳои ҷавонон ва ҳам бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ ташкил шуд. “Мо фикр кардем, ки ин тарҳ бояд барои боло бурдани эътимоди занҳои тоҷик ба нафс, мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва маҳрумиятҳое, ки занҳои тоҷик аз сар мегузаронанд, мусоидат кунад”, мегӯяд вай. Дар озмуни имсола даҳ тарроҳи ҷавон ширкат карданд, ки дар оянда худро дизайнери касбӣ дидан мехоҳанд.
- Давоми шаш моҳ ин ҷавонҳо дарси дизайн (мастер-класс) хонда, пайваста машварату илҳоми тоза гирифтанд, кор бо матоъҳои мухталиф ва нақшу нигорро омӯхтанд, - мегӯяд хонум Пӯрвз. - Моҳи август комиссиюни мутахассисон дар як ҳайати маҳдуд ду нафари онҳоро беҳтарин унвон кард. Ман хеле шод аз онам, ки барандаи озмун – Замира Эрматова (хатмкардаи донишгоҳи технологии Хуҷанд) бо кӯмаки сарпарасти мо моҳи ноябр барои гузаштани дарси дизайн ба шаҳри Милани Итолиё меравад. CESVI – як ташкилоти итолиёӣ хароҷоти таҳсили ӯро пардохт мекунад. Барандаи ҷои дуюм Наргис Исломова барои ширкат дар намоиши либоси исломӣ дар Истамбули Туркия роҳхат гирифт ва оғози моҳи сентябр он ҷо сафар кард. Давоми як ҳафта вай он ҷо бо намунаҳои либоси замонавии исломӣ ошно шуд.
Меридин Пӯрвз умед дорад, ки тарроҳони тоҷик ниҳоят метавонанд ба толорҳои мӯди ҷаҳонӣ роҳ ёбанд. Вай мегӯяд, ки то имрӯз хонумҳои тоҷик тамоми ҷараёни тавлиди пахта ва нахи абрешим то истеҳсоли матоъро аз худ кардаанд, вале ҳоло фурсати он расидааст, ки ҳамин молро ба фурӯшгоҳҳо оварда, аз он даромад бинанд. "Хонумҳои тоҷик бояд аз майдони пахта ба бутику фурӯшгоҳҳои ҷаҳонӣ рӯ оранд", мегӯяд ӯ. Вай ботаассуф гуфт, ки дар бозорҳои Тоҷикистон моли сохти Чину Туркия ва Аврупо хеле зиёд ба чашм мехӯрад, аммо моли сохтаи тарроҳони маҳаллиро, ки як корхонаи миллӣ истеҳсол карда бошад, пайдо намекунед. “Ин бозор, ки ҷои занҳо аст, воқеан ҳам холист ва имконияти хеле зиёд аст, ки ин соҳа рушд кунад”, - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, аксари матоъҳое, ки вориди бозорҳои маҳаллӣ мешаванд, кайфияти баланд надоранд ва ин камбудӣ ба сифати кори тарроҳон ҳам таъсиргузор аст. Аз сӯи дигар, гуфт вай, таърихи ғании адабиву фарҳангӣ барои тарроҳони замони имрӯз имконияти зиёде барои эҷоди либосҳои наву нотакрор шароит фароҳам меорад.