Обама ва Ромнӣ ба нахустин баҳси рӯбарӯ мераванд

Нимпайкараҳои аз мум сохташудаи Обама ва Ромнӣ дар осорхонаи мадам Тюссо дар Ню-Йорк

Баъди 2 соат(соати шаши субҳ ба вақти Душанбе) дар донишгоҳи Денвери аёлати Колорадои Амрико нахустин баҳси рӯбарӯи номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Барак Обама ва Митт Ромнӣ доир мешавад. Президенти кунунии демократ Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Ромнӣ тӯли 90 дақиқа рӯи масоили сиёсати дохилӣ баҳс хоҳанд кард. Интизор меравад, ҷараёни баҳси телевизиониро то 50 миллион амрикоӣ тамошо кунад ва муҷриён аз номзадҳо пиромуни масоили ҳифзи сиҳҳат, ислоҳоти иҷтимоӣ ва мушкилоти иқтисодӣ суол кунанд. Ин баҳси аввал аз се баҳсест, ки Ромнӣ ва Обама доир хоҳанд кард. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр жар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт. Дар ин миён рӯзи 11 октябр ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва номзад ба ноибӣ дар тими Ромнӣ – Рол Раян – низ як баҳси алоҳидаи рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси ду ноиб дар шаҳри Денвилли аёлати Кентаккӣ баргузор хоҳад шуд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.