Ягонагии миллӣ ва нақши рӯшанфикрон ба интиқоли осоиштаи қудрат дар Гурҷистон мусоадат мекунад.
Дар Гурҷистон аксарияти мунтазири эълони расмии натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ҳастанд, ки бино бар натиҷаҳои муқаддамотии он, ҳизби ҳоким дар он шикаст хӯрд. Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон, ки соли 2003 баъди инқилоби бе хунрезӣ сари қудрат омад, мардонавор шикасти ҳизбаш яъне Ҳаракати Муттаҳидаи Миллӣ дар интихоботро эътироф кард.
Дар интихоботи Гурҷистон ҳизби мухолифе пирӯз шуд, ки раҳбарии онро Бидзина Иванишвилӣ як сарватманди гурҷӣ бар ӯҳда дорад. Ин гузариши ороми сиёсиро устувор шудани демократия дар Гурҷистон хондаанд ва дар ин бора бо Меҳмоншо Шарифзода ҷомеашиноси тоҷик сӯҳбате доштам, ки чанде пеш аз Тифлис баргаштааст. Ӯ мегӯяд, кишварҳои дигари шӯравӣ бояд аз Гурҷистон ибрат бигиранд.
Меҳмоншо Шарифзода: “Фикр мекунам ин тағйир дар ҳаёти сиёсии гурҷиҳо барои дигар кишварҳои пасошӯравӣ омӯзанда ва муҳим аст. Ман шахсан худам охири моҳи август дар Гурҷистон будам ва бо мардуми одӣ, аз ронанда то устоди донишгоҳ, дар бораи интихоботи гузашта ҳарф мезадем ва онҳо ишора мекарданд, ки мумкин аст, ба ҷанги шаҳрвандӣ биёрад. Ин мардум бовар надоштанд, ки мардуме, ки сари қудрат ҳастанд, ба осонӣ қудратро месупоранд. Масалан ман бо як устоди донишгоҳ суҳбат доштам, вай мегуфт, мардуме, ки дар сари қудратанд якум ин ки намехоҳанд, ба хотири хоҳишу майлҳои нафсонии худ, қудтратро аз даст бидиҳанд, дуввум ки аз тарс намехоҳанд аз қудрат бираванд, барои онки шояд ягон ҷиноят карда бошанд, ё ягон кори дигар ва ба ҷазо гирифтор шаванд. Вале мебинем, ки дар Гурҷистон интихобот дар ҳақиқат бисёр хуб гузашт ва раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, ҳарчанд тарафдорони зиёд ҳам дошт, вале натавонист пирӯз шавад.”
Радиои Озодӣ: Воқеан, чаро натавонист, бо вуҷуди доштани тарафдорони зиёд дар Гурҷистон дар интихобот пирӯз шавад?
Меҳмоншо Шарифзода: “Ба фикри ман, ин пеш аз ҳама аз ҳувияти ягонаи мардуми гурҷӣ аст, ки имконияти мавҷудияти як фазои сиёсии равшану шаффофро барои муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ барои мардум фароҳам оварданд. Мисол дар фарқият бо гурҷиҳо дар Тоҷикистон бингарем, мардум як ҳувияти зиндаи ягона надоранд. Мо ҷанги тамаддунҳоро ба дохили ҳувияти тоҷикӣ бурдем. Ҳар рӯз дар газета ва ҳар ҷойи дигар мебинед, ки байни тоҷикият ва диният як ҳолати ҷанг ташкил кардаанд, дар рӯзномаҳо, дар донишгоҳҳо дар китобҳои дарсӣ дар ҳама ҷо. Гурҷиҳо ин гуна мушкилотро надоранд, дар онҳо дин ва дунявият дар сохтмони шахсият ва ҷомеаи гурҷӣ нақши созанда доранд.“
Радиои Озодӣ: То куҷо элитаи сиёсӣ ва ё зиёиёни гурҷӣ дар ҳаракати Гурҷистон дар роҳи демократия нақш доранд?
Меҳмоншо Шарифзода: “Зиёиёни гурҷӣ ҳама вақт дар сохтмони ҷомеа ва муносибатҳои сиёсӣ, нақши амалӣ бозиданд. Дар фарқ бо зиёиёни тоҷик, зиёиёни гурҷӣ мавҷуди қудратӣ будани худро ҳама вақт исбот карданд. Ҳамин рӯз ҳам мағзи оппозитсияи солиме, ки дар Гурҷистон ҳаст, мардуми зиёӣ ҳастанд. Дигар ин ки ин мардум тавонистанд, дунёи имрӯзаро нағз бишносанд ва мавқеъи худро муаяйн карданд. Ба як бозичаи дасти дигар давлатҳои пасошӯравӣ табдил наёфтанд. Яъне мавқеъи муаяйни равшани худро интихоб карданд ва нишон доданд. Фикр мекунам, ки ҳамаи ин омилҳо ба ҳукумати Саакашвилӣ имконият доданд, ки як фазои озоди сиёсӣ ба вуҷуд биёрад.“
Радиои Озодӣ: Агар ин фазои озоди сиёсии Гурҷистонро бо фазои сиёсии Тоҷикистон муқоиса кунем, чиро мебинем?
Меҳмоншо Шарифзода: “Мисол дар мо дар Тоҷикистон имрӯз як ҳолати норавшанӣ, номаълумист, ки на ҳизби ҳоким ва на ҳизбҳои мухолиф фалсафаи сиёсии пурра, равшан барои ояндаи ин кишвар надоранд, на барои сиёсати дохилӣ ва на сиёсати хориҷӣ. Ин нишон медиҳад, ки дунёи имрӯзаро пурра нашинохтанд, дар дохил ҳам бо мардуми худашон дуруст кор карданро ёд нагирифтанд. Ҳизбҳое, ки дар оппозитсия ҳастанд суст кор мекунанд ва ҳукумат ҳам намехоҳад, соҳиби оппозитсияи солим бошад. Ва ин маънии онро дорад, ки дар пайи ҳалли мушкилоти ҳаётии мардум нестанд."