Тазоҳурот дар Бишкек ба хушунат печид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ширкатдорони гирдиҳамоӣ дар майдони Ала-Тоои Бишкек барои ҳуҷум ба бинои парламент талош карданд. Дар тазоҳурот даҳ нафар захм бардошт. Задухӯрд миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои пулис баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки субҳи чаҳоршанбе бештар аз 1000 нафар дар Бишкек бо талаби миллӣ кардани бузургтарин корхонаи заршӯӣ дар Қирғизистон, тазоҳурот карданд.