Ба думболи бархӯрди тазоҳургарони хашмгин ва маъмурони пулиси зиддишӯриш дар Теҳрон, бозори марказии шаҳр баста шудааст. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳои "Ройтер" ва "Франс Пресс" гуфтаанд, ки ин тазоҳургарон аз суқути арзиши риёл ба хашм омадаанд, ки қурби он танҳо ҳафтаи гузашта бештар аз 30 дар сад поин омад. Давлати Эрон саррофон ва муомилакунандагони арзиро дар суқути арзиши пули миллӣ гунаҳкор кардааст ва онҳоро қаллобоне номидааст, ки бояд дастгир шаванд. Аммо вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, таъсири таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст, ки риёлро камарзиш мекунад. Мудирияти нодурусти иқтисод аз тарафи ҳукумати раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро як сабаби дигари беқурбшавии риёл медонанд, ки аз аввали сол то кунун арзиши он 80 дар сад поин рафтааст.