Дар маросими муаррифии китоби «Наҷотбахши миллат», ношири китоб президенти ширкати аврупоии "Big Media group" гуфт, асарро ба ҳайси як фармоиши тиҷоратӣ мунташир кардааст.
Бо вуҷуди ин, оқои Тию Кейперс қаҳрамони китоб раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро як шахсияти таърихие номид, ки барои ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули конститутсия ва дарёфти мақоми сазовори кишвар дар арсаи байналмилалӣ заҳматҳои шоиста ба харҷ додааст
Китоби мазкур ба қалами Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳурӣ ва Абдулло Ғаффоров, номзади улуми таърих тааллуқ дошта ва таҳрири онро академик Раҳим Масов ба анҷом расонидаст. Ин китоб бо тиражи 3000 нусха ва дар шаҳри Брюссел ва бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расидааст. Сарпарастии чопи китобро Ҳасан Асадуллозода, раиси Шӯрои мудирони «Ориёнбонк» бар ӯҳда доштааст.
Баъди хатми ин маросим Тию Кейперс, президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп бо хабарнигорон низ як мулоқоти мухтасаре баргузор кард, ки хабарнигори «Озодӣ» дар он ширкат варзида ва шахсан чанд суолеро матраҳ кард. Вале
ахустин суоле, ки аз ҷаноби Кейперс, ба унвони ношири китоби «Наҷотбахши миллат» пурсида шуд ин буд, ки оё иқдоми нашри китоб дар бораи раиси як ҷумҳурӣ барои ин ширкат нав аст ва ҳазинаи нашри онро кӣ пардохтаст?
Тию Кейперс: Шахсан ман ҳамчун президенти ширкати Big Media group намедонам, ки барои нашри ин китоб чӣ миқдор маблағ масраф шуда ва пули чопи он аз куҷо омадааст ва аз тарафи кӣ маблағгузорӣ шудааст. Танҳо коре, ки мо анҷом додем ин таъмини коғаз барои китоб ва масъалаи тарҷумаи он буд ҳамчун нияти хайр барои ин миллат ва барои Тоҷикистон. Бале, чопи китоб дар бораи як нафар президент аз тарафи ширкати мо барои аввалин бор аст ва мо мушарраф шудем, ки ин президент президенти Тоҷикистон бошад.
Озодӣ: Чопи китоб аз ҷониби ин ширкат бо фармоиши ҷонибе сурат гирифтааст ё ин ки тасмими худи ширкат буд?
Тию Кейперс: Бале, ин китобро мо дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Белгия ба нашр расонидем. Яъне, муҳтавои китобро дар ҳамкорӣ омода кардаем.
Озодӣ: Китоби «Наҷотбахши миллат» унвон дорад ва он дар бораи фаъолияти президенти Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки тӯли бист сол мешавад, ки дар сари қудрат аст ва онгуна ки шумо дар маросими муаррифӣ зикр кардед, он ба аудиторияи аврупоӣ равона шудааст. Масалан, барои худи Шумо дар ин миён чи чиз ҷолиб аст, дар ҳоле ки барои кишварҳои аврупоӣ «дарозумрии президентӣ» қобили қабул нест.
Тию Кейперс: Ман мехоҳам инҷо як чизро қайд кунам, ки дар раъси давлатҳои Аврупо роҳбарони дарозмуддат ҳам буданд. Аз он ҷумла Кол ва Маргарет Тетчер. Ва инҳо шахсоне буданд, ки роҳбар буданд ва дар ҳақиқат пешвои он давлатҳо буданд, ки ба муддати зиёд роҳбарӣ карданд. Ва он ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон рух дод, бахусус баъд аз ноябри соли 1992 миллат ба як роҳбари ҳақиқӣ лозим дошт, ба як шахсе зарурат дошт, ки халқро аз қафои худ бурда тавонад. Вақте ки шумо кишварро аз пошхӯрӣ ва аз байн рафтан наҷот медиҳед, табиист, ки мардум ба шумо эътимоди бештар хоҳад кард. Ва ин эътимод ба як навъ бовар табдил мешавад, чунки мардум дар симои ин шахс амнияту сулҳро мебинад, ки яке аз чизҳои асоситарин барои ҳаёти инсонҳост. Ва он роҳеро, ки Ҷаноби олӣ барои таҳкими амният, сулҳ ва шароити хуб ба мардум тавонист таъмин намояд, омили
уҳим аст ва мардум ба ӯ бовар хоҳад кард. Мехоҳам инҷо қайд намоям, ки Ҷаноби олӣ тавонист кишвареро офарад, ки демократӣ бошад ва дар он озодиҳо таъмин бошанд ва албатта беҳтарин чизе, ки худи шумо медонед, озодии матбуот аст. То ҷое иттиллоъ пайдо кардам, ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 400 нашрия ва маҷаллаҳои гуногун ба нашр мерасанд, ки ҳар чизе бихоҳанд чоп мекунанд, озод ҳастанд ва ҳамаи инро мардум аз кафолатҳои додаи президент мебинанд.
Озодӣ: Чопи китоби мазкур аз ҷониби ширкати шумо як барномаи тиҷоратӣ буд ва аз нашри он кадом суде ба даст оваред?
Тию Кейперс: Медонед, вақте маҷаллаҳо чоп мешаванд, қисмати бузурги фоидае, ки онҳо мегиранд, на аз фурӯш, балки аз он маводи таблиғотӣ (реклама) аст. Ширкатҳо метавонанд аз чопи маводи таблиғотӣ хароҷоти худро пӯшонанд. Бале, он чизеро, ки мо дар бораи Тоҷикистон ба нашр расонидем, он ба ояндаи ҳамкориҳо нигаронида шудааст. Мо ба ҳамкории судманду фоидаовар дар оянда умед дорем ва мо ин кишварро рӯ ба рушд меҳисобем. Ҳамчун кишваре мебинем, ки дар оянда инҷо имкониятҳои бештари ҳамкорӣ ба вуҷуд меоянд. Ва он фоидаеро ҳам, ки мо мебинем, дар оянда ба даст хоҳад омад.
Озодӣ: Дар соли оянда қарор аст, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир шавад. Ширкати шумо дар назар надорад, ки дар кори таблиғу ташвиқи президент дар ин маърака барои хориҷи кишвар мусоидат кунад?
Тию Кейперс: Медонед, мо дар робита ба интихоботи соли оянда ҳеҷ нақша надорем. Вале чи хеле зикр кардам, ҳамроҳ бо шабакаи телевизионии "Фокс нюз"-и Амрико як филми мустанад дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Роғун таҳия карданӣ ҳастем. Албатта, онҷо нуктаи асосӣ дар бораи Роғун хоҳад буд, вале ҳамзамон аз хидматҳои президент дар амри иҷрои ин барнома низ таъкид карда мешаванд. Боз такрор мекунам, ки нияти мо рушди тиҷорат ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон аст. Мо мехоҳем ҳамчун як муҳаррике бошем дар амри ҷалби сармоя ба Тоҷикистон, барои рушди иқтисод ва соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, на инки чуноне гумон кардед, барои президент.