Тазоҳурот дар Бишкек ба бенизомӣ печид

Дар шаҳри Бишкек бештар аз 1000 нафар бо талаби миллӣ кардани бузургтарин корхонаи заршӯӣ дар Қирғизистон тазоҳурот карданд. Корхонаи заршӯии Кумтор, ба ширкати “Сентерра Голд” дар Канада тааллуқ дорад ва 12 дар сади даромади буҷаи давлат аз ҳисоби он аст. Дар тазоҳурот сиёсатмадорон аз ҷумла Қамчибек Тошиев, раҳбари як ҳизби мухолиф ширкат дошт ва аз тазоҳургарон хост, ҳукуматро сарнагун кунанд. Маъмурони амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд, вале ба 50 нафари онҳо муяссар шудааст, ки девори порлумонро рахна кунанд.