Натоиҷи интихоботи Гурҷистон имрӯз эълон мешавад

Иванишвилӣ - барандаи интихобот

Натоиҷи муқаддамотии интихоботи Гурҷистон бояд имрӯз эълон шавад. Раиси ин ҷумҳурӣ Михел Саакашвилӣ алакай шикасти ҳизби Ҷунбиши миллиаш ба эътилофи Орзур Гурҷистони миллиардер Бидзина Иванишвилиро эътироф кард. Иванишвилӣ дирӯз гуфт, Саакашвилӣ низ бояд акнун истеъфо дода, роҳро барои интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ боз кунад.
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бо истиқбол аз пирӯзии мухолифини гурҷӣ гуфт, ин роҳи “нирӯҳои бештар созандаву масъул”-ро ба парлумони Гурҷистон боз мекунад.
Вазорати хориҷаи Амрико аз Саакашвилӣ барои “эътирофи мардона”-и шикасташ дар интихобот ситоиш кард. Тонинон Пикула, раҳбари ҳайъати нозирони хориҷӣ гуфт, интихобот бо вуҷуди корзори хеле пурихтилофаш одилона буд.