Мақомоти Ҳонконг ҳалокати 36 нафар бар асари ба ҳам бархӯрдани ду киштиро тайид карданд. Ин ҳодиса чун “сангинтарин фоҷиаи баҳрӣ” дар таърихи кишвар дар даҳ соли ахир арзёбӣ шудааст. Қурбониёни ҳодиса ба тамошои оташбозӣ бахшида ба иди миллии Ҳонконг мерафтанд.
Тафсилоти ба ҳам бархӯрдани киштиҳо дар соҳилҳои ҷазираи Ламма ҳанӯз маълум нест. Дар ин ҳодиса кормандони ширкати энерҷӣ ва аҳли хонаводаи онҳо ҷон бохтаанд.
Бар пояи хабарҳо, баъд аз бархӯрд пароми боркаш барои кӯмак ба киштии мусофирбар таваққуф накарда, ҳаракатро идома додааст.