Ду рӯз то сафари Путин ва муаммои пойгоҳи 201

Акс аз бойгонӣ

Як манбаъ аз вазорати умури хориҷӣ гуфт, миёни Маскаву Душанбе дар робита ба пойгоҳи 201 мушкиле боқӣ намондааст.
Дар ҳоле ки сафари раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, ба Душанбе пас аз ду рӯзи дигар шурӯъ мешавад, мавзӯи тамдиди будубоши пойгоҳи 201-ум дар қаламрави Тоҷикистон муаммо боқӣ мондааст.

Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, ахиран дар мусоҳиба бо радиои "Эхо Москви" гуфт, ин қарордод аз сӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали соли 2013 имзо хоҳад шуд, зеро ихтилофи назарҳо дар ин мавзӯъ ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Генерал Чиркин афзуд, “то ҷое, ки маълум аст, то охири моҳи март вақт дода шудааст, ҷонибҳо чанд машварат доир ва ҳама масъалаву шарту шароитро баррасӣ кунанд, то дар он андешаҳои оқилона ҷой дода шаванд.”

Аммо як манбаъ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кард, гуфт, миёни Маскаву Душанбе дар робита ба тамдиди буду боши пойгоҳи русӣ мушкиле боқӣ намондааст. Ӯ афзуд, тибқи иттилои ӯ, гап дар бораи 29 соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия меравад.

Мусоҳиби мо ҳадс зад, ки дар санади ниҳоӣ ин рақам шояд тағйир хӯрад, зеро Маскав то ҳол умед дорад, ки Душанбе барои то 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия розӣ хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон хостори он шудаанд, ки ин мӯҳлат, яъне, 29 сол аз соли 2003 ҳисоб шавад.

Игор Шувалов

21-уми сентябр муовини аввали нахуствазири Русия, Игор Шувалов, баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе гуфта буд, муҳимтарин мушкилоти марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия ҳал шудаанд ё наздик ба ҳалшавиянд. Ӯ афзуд, ҳафтаҳои наздик баъд аз иттилоъ ба сарони ду кишвар дар ин бора ягон мавзӯи ҳалношуда боқӣ нахоҳад монд.

Манбаи мо навиштаи бархе расонаҳои Русия дар бораи имкони тағйири мақоми пойгоҳи 201-уми Русия, яъне ба ҷойи он таъсис додани нерӯҳои эътилофии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ҳам рад кард. Ӯ фақат гуфт, шояд Русия чун дар Қирғизистон дар Тоҷикистон ҳам пойгоҳи муттаҳидаи худро ташкил кунад. Ба ин пойгоҳ метавонанд дигар муассисаҳои низомиву ғайринизомии мутааллиқ ба Русия, аз ҷумла, маркази назорати кайҳонии "Окно” шомил шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Тоқон Мамедов, раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия чаҳор муассисаи мансуб ба ин кишвар дар қаламрави Қирғизистон – пойгоҳи низомии Кант, маркази зилзиласанҷии Майлесу, хадамоти алоқа дар деҳаи Чавдавари вилояти Чуй ва пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қарокули вилояти Иссиқкӯл шомиланд. Ба ҷуз пойгоҳи Кант дигар муассисаҳо ҳанӯз замони Шӯравӣ бунёд шуда буданд. Ба гуфтаи Тоқон Мамедов, бар пояи созиши ҳосилшуда, “дар сурати вуруди созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ҷиноии байнулмилалӣ ба қаламрави Қирғизистон низомиёни пойгоҳи муттаҳидаи Русия ҳамроҳ бо артиши мо хоки моро муҳофизат хоҳанд кард ва бо террористон мубориза хоҳанд бурд."

Тоқон Мамедов афзуд, Маскаву Бишкек ба созиш расидаанд, ки Русия барои иҷораи пойгоҳи муттаҳидаи худ ба Қирғизистон ҳамасола 4,5 миллион доллар пардохт мекунад. Ба изофаи ин, Русия муваззаф шудааст, силоҳу лавозимоти муосири ҷангиро дар ихтиёри Қирғизистон гузорад.

Бо ин ҳама, ҳанӯз маълум нест, Русия барои будубоши пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон маблағ пардохт мекунад, ё не. Тоҷикистон аз Русия хостори солона пардохт кардани 250 миллион доллар ҳаққи иҷора барои пойгоҳ шуда буд. Бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки Маскав шояд барои пардохти то 10 миллион доллар дар як сол розӣ шавад, аммо ин рақам эълон нахоҳад шуд, зеро ошкор шудани ҳама гуна гузашт чун бохти дипломатии Маскав арзёбӣ хоҳад шуд .

Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки ҳафт ҳазор сарбозу афсар дорад ва ҷузву томҳояш дар канори шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудаанд, соли 2014 ба поён мерасад.