Рӯзи душанбе созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар даъват карданд, ки марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро мавриди тафтиши амиқ қарор диҳанд. Хешовандони Икромзода мегӯянд, дар ҷасади ӯ нишонаҳои возеҳи лату кӯб ва пайи сӯхтагӣ аён буд. Рӯзи душанбе наздикони Икромзода ба додситонии кулли Тоҷикистон изҳороти 8 созмони ҳомии ҳуқуқи башарро таслим карданд, ки дар он таҳқиқи қазия дархост шудааст. Дар ин рӯйхат ҳамчунон шаш ҳодисаи дигари марги баҳсбарангези маҳбусон ва боздоштшудаҳо зикр шудааст. Бар пояи тағйиру илова ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон тасвиб шудааст, масъули шиканҷа то 15 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. То кунун ҳамагӣ як афсари полис бо ин ҷурм зиндонӣ шудааст.