Маҷлиси Намояндагон пешниҳод дар мавриди аз андози воридотӣ озод кардани ширкати "Осиё Экспресс"-ро пазируфт.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бахше аз як тиҷорати ширкати "Осиё Экспресс"-ро аз андоз озод кард. Ин қарор пас аз баҳси давомдор ва дар ҳоле қабул шуд, ки моли воридкардаи ширкат ба номгӯи амволе дохил набуд, ки метавонанд аз андоз озод бошанд.
Дар авҷи баҳс, Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки зарурати сабукӣ ба ширкати "Осиё Экспресс"-ро ба вакилони парлумон шарҳ медод, дар посух ба саволи спикери Маҷлис дар мавриди молики ин ширкат сокит монд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, бо он ки норозигии худро аз мушаххас набудани молик ё соҳиби ширкат пинҳон накард, ҳамчунин суол дод, ки бар ивази гузашти давлат ин ширкат чӣ сабукиҳоеро ба мусофирон медиҳад. Ӯ гуфт, "наздики шаш миллион сомонӣ мо онҳоро аз андозу боҷи гумрукӣ озод мекунем. Онҳо дар бадалаш ба мардум чӣ медиҳанд, ягон сабукӣ медиҳанд? Ин технологияи нав аст? Мошин аст, автобус аст. Ягон даҳ дирам кам мекунанд бурдан ва овардани мардумро? Ин ширкат дар куҷо ҳаст? Аз кӣ аст? Чизи номаълум дар давлати мо бояд дигар набошад."
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба намояндаи ҳукумат гӯшрас кард, давлат барои таҷҳизоту фанновариҳои муосир, ки барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат карда ва ба истеҳсол машғул мешавад, гузаштҳо мекунад, дар ҳоле ки ин ширкати хусусӣ, моли тайёр, яъне автобусҳои гаронқимматро ворид кардааст ва ҳадафаш ҳам бештар ба даст овардани фоида мебошад.
Аммо Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, ҳукумат аз 40 автобуси воридкардаи ин ширкат танҳо 20 адади онро аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъи маблағи гузашткардаи ҳукумат ба ин ширкат 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҷумъахон Давлатов, намояндаи ваколатдори раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷлиси олии ин кишвар дар посух ба суолҳои спикери парлумон гуфт, ҳукумат ба ин ширкат имтиёзҳоро ба он хотир додааст, ки сатҳи хидматрасонӣ дар кашондани мусофирон ҳифз шавад. Ҷаноби Давлатов афзуд, ҳоло нархи мусофиркашӣ дар Тоҷикистон аз ҳама кишварҳо поин аст. "Барои он ки дар сатҳи баланд хидматрасонӣ мекунад, дастгирӣ ёфтааст. Мақсади ҳукумат дар сатҳи имрӯза нигоҳ доштани нархи мусофиркашонӣ аст. Нархҳои мусофиркашонии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе пасттарин дар дунё мебошанд",-афзуд намояндаи президент дар порлумон.
Вале Шукурҷон Зуҳуров дурустии ин ҳарфҳо таҳти шубҳа қарор дода хотиррасон кард, ки сатҳи зиндагии мардуми тоҷик аз бақия кишварҳо поинтар аст. Ҷаноби Зуҳуров аз намояндаи раисиҷумҳур дар парлумон хост, дар мавриди ширкати "Осиё Экспресс" ва моликони он барои ӯ ба таври хаттӣ маълумот диҳад.
Ин дар ҳолест, ки Рустам Сайидов, раиси ширкати "Осиё Экспресс" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иртибот доштани худ бо афроди мансабдорро рад кард. Ӯ гуфт, ширкаташ яке аз шаш ширкати ҳолдингии "Конд-групп" мебошад, ки дар арсаҳои мухталиф амал мекунад. Ба қавли Сайидов, онҳо чунин автобусҳои гаронбаҳоро барои он харида ва вориди бозори мусофиркашонӣ кардаанд, ки ҳукумат барояшон кафолат додааст: "Мо диламон пур буд, ки моро давлат дастгирӣ мекунад. Аз ин рӯ нархи автобусҳоро ба таври реалӣ нишон додем. Ягон чизро дар инҷо пинҳон накардем. Инҷо кадом гапе аз хешутаборӣ нест. Мо муроҷиат кардем ва роҳбари давлат моро дастгирӣ кард."
Зимнан, дар моҳи апрели соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон ширкати тоҷикиву чинии "Ҳауксин Ғаюр семент"-ро низ аз тамоми навъи андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд. Қарор аст, ин ширкат, ки гуфта мешавад ба наздикони Асадулло Ғуломов, собиқ муовини аввали сарвазир тааллуқ дорад, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи тавлиди семент бунёд кунад. Аз ин ҷост, ки ширкати мазкур аз пардохти 60 миллион сомонии андоз ва боҷи гумрукӣ раҳо карда шуд. Дар шумори ширкатҳое, ки аз хориҷи кишвар бо имтиёзи махсус таҷҳизот ворид мекунанд, ҳамчунин ширкатҳои IRS ва "Тоҷирон" ном бурда мешаванд, ки ба афроди наздик ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон нисбат дода мешаванд.
Дар авҷи баҳс, Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки зарурати сабукӣ ба ширкати "Осиё Экспресс"-ро ба вакилони парлумон шарҳ медод, дар посух ба саволи спикери Маҷлис дар мавриди молики ин ширкат сокит монд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, бо он ки норозигии худро аз мушаххас набудани молик ё соҳиби ширкат пинҳон накард, ҳамчунин суол дод, ки бар ивази гузашти давлат ин ширкат чӣ сабукиҳоеро ба мусофирон медиҳад. Ӯ гуфт, "наздики шаш миллион сомонӣ мо онҳоро аз андозу боҷи гумрукӣ озод мекунем. Онҳо дар бадалаш ба мардум чӣ медиҳанд, ягон сабукӣ медиҳанд? Ин технологияи нав аст? Мошин аст, автобус аст. Ягон даҳ дирам кам мекунанд бурдан ва овардани мардумро? Ин ширкат дар куҷо ҳаст? Аз кӣ аст? Чизи номаълум дар давлати мо бояд дигар набошад."
Аммо Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, ҳукумат аз 40 автобуси воридкардаи ин ширкат танҳо 20 адади онро аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъи маблағи гузашткардаи ҳукумат ба ин ширкат 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад