Таърифи ФИФА аз омодагиҳои Русия

Сепп Блаттер, мудири Федератсиюни Байналмилалии Футбол, Русияро барои омодагиҳояш барои мизбонии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон дар соли 2018 ситоиш кард. Сепп Блаттер дар нишасти хабарии муштарак бо Виталий Мутко, вазири варзиши Русия дар Маскав гуфт, то кунун корҳои омодагӣ ба ин бозиҳоро Русия қабл аз мӯҳлат анҷом додааст. Рӯзе пештар ФИФА ва Русия 11 шаҳри мизбони бозиҳоро муаррифӣ карданд, ки аз миёни онҳо 7 шаҳр бояд майдонҳои варзишиашонро тармиму таҷдид кунанд ва баъзеи дигар майдонҳои нав созанд. Русия гуфтааст, ки барои бунёди иншооти лозим барои мизбонии Ҷоми Ҷаҳони 2018 бештар аз 19 миллиард доллар харҷ хоҳад кард, ки бахше аз ҳамёни сармоягузорони хусусӣ ва бахше аз ҳисоби буҷаи давлат хоҳад буд. ФИФА соли 2010 бо як қарори баҳсбарангез ҳаққи мизбонии ин бозии пурбинандатарин дар ҷаҳонро ба Русия дод.