Давлати Ӯзбакистон дигарбора таъкид кардааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон бояд зимни сохтани нерӯгоҳҳои барқи обӣ назари онҳоро низ ба инобат бигиранд. Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Ӯзбакистон рӯзи ҷумъа зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт: "Ба эътиқоди мо, тамоми тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооби ҳавзаи рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё бояд таҳти васояти Созмони Милал мавриди таҳқиқи байналмилалӣ қарор гирифта ва ҳатман бо кишварҳои поёноб мувофиқа карда шаванд.”
Абдулазиз Комилов нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистонро ном бурд, ки ба гуфтаи мақомоти Ӯзбакистон дар сурати бунёди ин ду нерӯгоҳ Ӯзбакистон ва Қазоқистону Туркманистон оби кофӣ барои обёриву хӯрдан нахоҳанд ёфт. Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ин як дурӯғи маҳз аст. Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, ягона роҳи халосии онҳо аз бебарқӣ бунёди ҳамин нерӯгоҳҳо аст.