Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, номи созмони эронии Муҷоҳиддини Халқро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ хориҷ кардааст. Тасмими мазкурро рӯзи ҷумъа Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гирифт. Ин вазорат мегӯяд, “тасмими вазири умури хориҷа бар асоси иқдоми созмони Муҷоҳиддини Халқ дар ошкор маҳкум кардани хушунат, таъйид нашудани амалҳои террористӣ аз тарафи ин созмон дар тӯли бештар аз даҳ соли гузашта ва ҳамкории наздики гурӯҳ барои бастани ӯрдугоҳаш дар Ироқ гирифта шуд.” Айни замон вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “нигарониҳои ҷиддие” дар бораи ин созмон дорад, ки мегӯянд, аъзои худро азияту озор медиҳад. Муҷоҳиддини Халқ, ки мухолифи ҳукумати исломии Эрон аст, дар ҷанги 8 солаи Эрону Ироқ аз тарафи нерӯҳои Саддом Ҳусайн ҷангидааст. Вазорати умури хориҷии Амрико онро аз соли 1997 ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кард.