Саҳмияи "Роғун" - коғази даруни тоқӣ?

Сарнавишти норӯшани сохтмони "Роғун", арзиши саҳмияҳои ин нерӯгоҳи ҳаётан муҳим барои Тоҷикистонро поин бурдааст.
Ҳама дар Тоҷикистон саҳмияи "Роғун доранд. Агар на ҳама, пас ҳар хонавода. Вале норӯшании сарнавишти сохтмони нерӯгоҳ ва ҳам надонистани наҳваи баҳрабардорӣ аз саҳмияҳо, сабаб шудааст, ки бархе аз шаҳрвандон саҳмия худро ба маротиб арзонтар бифурӯшанд. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, саҳмияҳои худро бо чоряки нархи аввалияшон фурӯхтаанд.

Раҳмат Ҳабибов, сокини шаҳри Душанбе худро сарватманд намешуморад. Аммо дар соли 2010-ум, вақте маъракаи фурӯши саҳмияҳо эълон шуд, ба 12 ҳазор сомонӣ саҳмияи «Роғун”-ро харидорӣ кард. Ӯ умедашро аз ба даст овардани суд

Яке аз хонаводаҳо дар Ишкошим гови худро фурӯхт ва саҳмияи "Роғун"-ро харид.

аз ин саҳимияҳояш канда, нисфи онҳоро бо чоряки нарх фурӯхтааст: "То ҳол ягон фоида аз саҳмияҳои "Роғун" нагирифтаам. Намедонам ин нерӯгоҳ кай ба кор медарояд? Рости гап, аз январи соли 2011-ум ба ин ҷониб дар бораи ба кадом роҳ ин саҳмияҳо фоида меоранд, таваҷҷӯҳ накардам ва иттилоъ ҳам надорам."

Носир Рабиев, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки кафшергар аст, достони саҳмияҳои худро чунин қисса кард: ”Ду сол пеш ман ба миқдори ҳазор сомонӣ саҳмия гирифта будам. Кафшергар кор мекунам, маоши як моҳаамон ҳазор сомонӣ аст. Аз ҳамон корхонаамон гуфтанд, ки ба маоши якмоҳаатон аксия медиҳем. Ночор гирифта будем. Як рӯз рафтам, ки завҷаам коғази саҳмияро, ки чанг гирифта хоб буд, ба ҷои қоғаз, даруни тоқӣ монда дӯхтаст. Хайр, дигар ин саҳмияҳо чӣ мешаванд, мо умедамона аз фоидаш барвақт кандаем”.

Дар ҳамин ҳол, аксарияти шаҳрвандон мегуфтанд намедонанд, ки оё аз саҳмияи харидаашон суд хоҳанд дид ё на? Иқтисоддон Георгий Кошлаков сабаби ноумед шудани мардум аз самар додани саҳмияҳои "Роғун"-ро дар сӯҳбат бо РО чунин шарҳ дод: “Дар васоити ахбори умум дар бораи тақдири пулҳои аз фурӯши саҳмия ба вуҷуд омада, ба куҷо масраф шудани он комилан маълумот нашр намешавад. Бинобар ин мардум навмед шудаанд, саҳмияашонро ба пули ночиз мефурӯшанд, ё мисли ҳамон мардаке ки Шумо ёдовар шудед, аз он тоқӣ медӯзанд”.

Ҷаноби Кашлаков гуфт, ӯ низ ин саҳмияҳоро харидорӣ кардааст ва бе ҳеҷ кас фурӯхтанӣ нест. Умедвор аст, ки рӯзе ин саҳмияҳо фоида хоҳанд овард ва ӯ сарватманд хоҳад шуд.

Фурӯши саҳмияҳои “Роғун” дар моҳи январи соли 2010-ум оғоз шуд ва дар тӯли чанд моҳ ба арзиши бештар аз 800 миллион сомонӣ аз сӯи мардум ва муассисаҳои Тоҷикистон харидорӣ шуданд. Дар дувуним соли пеш мардум,

Пиру ҷавони Тоҷикистон ба қадри тавонои худ дар маъракаи харидоии саҳмияҳо ширкат карданд.

авлат ва мухолифони сиёсии он дар харидории ин саҳмияҳо даст ба дасти ҳам дода буданд. Дар аксари маворид кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба сурати иҷборӣ аз ин саҳмияҳо харидорӣ мекарданд. Баъдтар раванди харидории ин саҳмияҳо кунд шуд ва ҳатто дигар харидорӣ нашуданд.

Таблиғи харидории саҳмияҳои “Роғун” тавассути расонаҳои давлатӣ ва иҷбори кормандон барои харидории он, боиси эътирози созмонҳои марбутаи байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи байналмиллаии пул шуд ва ба дунболи он, ин маърака камранг гардид.

Ҳолати имрӯзаи марбут ба саҳмияҳои “Роғун” аз он ҷо маншаъ мегирад, ки талошҳои ташкили бозори ин коғазҳои қиматдор чандон муваффақ набуда, бисёриҳо тарзи додуситади онҳоро намедонанд ва умеди зиёде ба баҳраҳои ояндаи ин саҳмияҳо надоранд. Ба ақидаи коршиносон, ин фурсатест, ки мақомоти расмӣ ба қазия рӯшанӣ андозанд.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ (СОЛИ 2009)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назарҳо барои кумак ба Роғун