Захираи 20 тонна маводи мухаддир дар Афғонистон

Виктор Иванов

Рӯзи ҷумъа раҳбарони идораҳои мубориза бо гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, Русия, Покистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе мулоқот намуданд. Раиси идораи мубориза бо гардиши маводи мухаддири Русия Виктор Иванов мегӯяд, феълан дар Афғонистон наздики 20 тонна маводи мухаддир барои содир намудан бо бозорҳои ҷаҳонӣ омода шудааст. Ӯ меафзояд, ки дар Афғонистон маводи мухаддир беш аз талаботи бозор тавлид шудааст ва аз ин рӯ, чунин миқдори зиёд дар Афғонистон захира шудааст.
Ширкаткунандагони нишасти Душанбе барномаи панҷсолаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тасдиқ карданд. Ба қавли Иванов барои иҷрои барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир ва коҳиши назарраси қочоқи он чор кишвар ба камаш 500 миллион доллар ниёз хоҳанд дошт.