Ихтилофи полиси Маскав бо мусулмонон авҷ мегирад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Маскав мухолифат ба мусулмонон ва масҷидҳо авҷ гирифтааст. Пойтахти Русия яке аз бузургтарин шаҳрҳои мусулмонннишини Аврупо ба шумор меравад, вале дар Маскав ҳамагӣ 5 масҷид фаъол мебошанд. Бар илова полис рӯзҳои ҷумъа дар роҳ ба масҷидҳо кофтукоби мусулмононро ташкил намуда, шуморе аз онҳоро ҳабс мекунад.