Ошӯбгарони суриягӣ дар бораи шурӯи марҳалаи ниҳоии набардҳо барои шаҳри Ҳалаб хабар доданд. Фармондеҳони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат гуфтанд, ки як рӯз пеш даргириҳои шадид дар 14 мавзеи Ҳалаб ба вуқӯъ пайвастанд. Ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тасдиқ нашудааст.
Шӯрои амнияти СММ дирӯз бори дигар авзоъ дар Сурияро баррасӣ кард ва аммо аъзои он дар мавриди роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрон боз ҳам ба созиш нарасиданд. Дар якуним соли низоъ дар Сурия, бар пояи бархе хабарҳо, тақрибан 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.