Покистон:Путин сафари Покистонро лағв кард

Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки президенти Русия Владимир Путин сафараш ба Исломободро лағв кардааст. Қаблан хабар нашр шуда буд, ки Путин дар мулоқоти чортарафаи раҳбарони Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок хоҳад кард.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Покистон Муаззам Хон гуфт, мулоқоти раҳбарони чоргона, ки мебоист 2-3-уми октябр дар пойтахти Покистон доир мешуд, дар вақти дигар барпо хоҳад шуд. Хон афзуд, ки мӯҳлати баргузории ин нишаст мутобиқ ба ҷадвали кории раҳбарон муқаррар хоҳад шуд. Дар изҳороти покистонӣ сабаби лағви сафари Путин ошкор нашудааст.