Мақомоти расмии Тоҷикистон гузориши пурсарусадои марбут ба шиканҷаро, ки дар Варшава садо дод, рад карданд.
Муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ин вазорат, Иззатулло Шарифов, вуҷуди ҳар гуна таҷҳизоти шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққат ва зиндонҳои кишварро рад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сергей Романов, раҳбари созмони иҷтимоии "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти САҲА дар Варшава бо ишора ба баррасии парвандаи "53 нафар истаравшаниҳо", гуфтааст, афроди боздоштшуда дар ин парванда мавриди озору шиканҷа қарор гирифта ва ҳатто нисбати онҳо аз таҷҳизоти мавсум ба "Роғун" ва "Сангтӯда" истифода шудааст.
Муовини раиси Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, Баҳром Абдулҳақов, низ гузоришеро, ки рӯзи 26-уми сентябр дар ҳамоиши Созмони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо садо дода, дар он аз мавҷудияти таҷҳизоти махсуси шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон сухан меравад, рад кард. Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Абдулҳақов гуфт: "Касоне, ки чунин гузориш додаанд, оё худашон инро дидаанд? Чаро ба чунин нишастҳо намояндагони давлат даъват намешаванд ва он ҷо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ чизе хоҳанд, мегӯянд."
Баҳс бар сари он аст, ки Сергей Романов, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон", дар нишасти солонаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо мавзӯи шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистонро ба баҳс кашид. Вай рӯзи 26-уми сентябр дар Варшава гуфт, бо вуҷуди он ки аксари боздоштшудагон шиканҷа шудаву гуноҳи накардаи худро "ба гардан мегиранд", касе ба доди онҳо намерасад ва ин мавзӯъро ҷиддӣ баррасӣ намекунад.
Ба қавли ӯ, махсусан ҳуқуқи онҳое, ки бо гумони "терроризм" боздошт мешаванд, нақз мегардад. Аз ҷумла, нисбати ин гуна афрод аз шиканҷа кор гирифта шуда, дастрасияшон ба вакили мудофеъ маҳдуд мешавад. Романов афзудааст, дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни шиканҷа аз қабили барқ задан, латту кӯб, дар таҳхонаҳои сарду торик гузоштан, бо сигор сӯзондани қисмҳои бадан ва таҷовуз истифода мешавад.
Инчунин ба гуфтаи Романов, ба боздоштшудагон шиканҷаи равонӣ низ расонда мешавад. Барои мисол, истеҳзои наздикони боздоштшудагон дар назди онҳо; таҳдид барои урён кардани наздиконашон, махсусан занон ва паҳн кардани акси онҳо дар Интернет; шиканҷаи дигар боздоштшудаҳо дар пеши назари онҳо аз ҷумлаи чунин шиканҷаҳои равонӣ будааст.
Нуктаи хеле тозае, ки дар ин сӯҳбати Сергей Романов баён шуд, истифодаи асбобҳое бо номи "Сангтӯда" ва "Роғун" барои шиканҷаи боздоштшудагон мебошад. Ба қавли ӯ, "Сангтӯда" нисбат ба "Роғун" барқи камтар, вале бо ист медиҳад. Аммо "Роғун" метавонад бо суръати баланд ва пайваста барқ диҳад.
Аммо генерал Иззатулло Шарифов рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин даъвоҳо асосе надоранд. Чун дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон на «Сангтӯда» ҳаст ва на «Роғун», аслан ин гуна гапҳо нест. Кормандони мо танҳо наручник ё завлона ва дубинка доранд, дигар чизе даркор нест. Ин наручник ва дубинка низ барои азияту озор ва шиканҷа нест, балки дар ҳолатҳои махсус ва он ҳам ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаи нохуш, назири исёни зиндониён истифода мешавад."
Изаттулло Шарифов мегӯяд, ба унвони сардори сарраёсти иҷрои ҷазо ва ҳамзамон муовини вазири адлия иҷоза намедиҳад, ки нисбати маҳбусон бадрафторӣ сурат бигирад.
Аммо ба таъкиди вай "кор бе камбудӣ намешавад. Дар гузашта буданд мавориди бадрафтории маъмурон алайҳи маҳбусон, ки онҳо рафъ шуданд. Маъмуроне, ки бадрафторӣ карда буданд, ҷазои худро гирифтанд. Ҳоло чунин вазъе нест."
Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран дар зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе маҳбус Ҳамза Икромзода ба қатл расид, ки дар бадани вай осори азияту шикеанҷа ба мушоҳида расид. Иззатулло Шарифов дар иртибот ба ин ҳодиса гуфт, маҳбус Ҳамза Икромзода дар пайи худкушӣ фавтидааст ва осоре, ки дар бадани вай ба мушоҳида расидааст, кори маъмурони боздоштгоҳ набуда, пизишкон ба хотири наҷот додани вай аз усули гарм кардани бадан бо истифода аз зарф (баклашка) ва дастгоҳҳои эҳёгарӣ (электрошок) истифода намуданд, ки дар натиҷа дар бадани марҳум пайи онҳо боқӣ мондааст. Вай гуфт, ҳамакнун додситонии кулли Тоҷикистон ин қазияро таҳқиқ дорад ва натиҷаҳои он ҳақиқатро рӯшан хоҳад кард.
Бо ин ҳам муовини вазири адлияи Тоҷикистон аз изҳороти масъулони созмонҳои иҷтимоии кишвар изҳори таассуф кард ва гуфт, ки ахиран Мендез, гузоришгари вижаи СММ аз куллияи муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳо дидан кард ва ҳеҷ гуна мушкили ҷиддиеро дар фаъолияти сарраёсати иҷрои ҷазо ба мушоҳида нагирифт.
Ҳатто ба таъкиди Изатулло Шарифов, гузоришгари вижаи СММ-ро намояндагони созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ карданд. Изҳороти муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар робита ба вуҷуд надоштани мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққат ва зиндонҳо дар ҳолест, ки қаблан бар иловаи боздиди гузоришгари вижаи СММ, ҳамчунин бархе аз масъулони созмонҳои иҷтимоӣ ва журналистон аз вазъи муассисаҳои илосҳӣ ва зиндонҳои ин кишвар дидан карда буданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.