Нақшофарии лилипутҳои тоҷик дар филми "Баҳодур"

Дар Тоҷикистон бо иштироки лилипут ё афроди кӯтоҳқад филми авсонавии "Баҳодур" наворбардорӣ мешавад.
Аз оғози моҳи октябри соли равон дар Душанбе барои нахустин бор филми телевизионии афсонавии "Баҳодур" бо ширкати шахсони қадпаст ё лилипутҳо ба навор гирифта мешавад.

Ба таъкиди Бекмуҳаммад Асомиддинов, асосгузор ва роҳбари театри лилипутҳо ё қадпастон, сенарияи филм аз афсонаҳои мардумӣ гирифта шуда, достони набарди некӣ ва бадист. Ба гуфтаи ҷаноби Асомиддинов филми "Баҳодур" афсонавист ва ҳунармандони асосӣ низ қадпастон ҳастанд, ки ба таъкиди ӯ ин нафарон аз ҳар гӯшаву канори мамлакат даъват шудаанд.

"Як рӯз дар Фурӯшгоҳи марказӣ кор мерафтам, ки духтараки қадпастеро дидам. Наздаш рафтам ва хоҳиш намудам, ки бо ман биёяд. Не-не гӯён розӣ нашуд. Аз ақибаш 3 ошёнаи универмагро баромадам. Баъд бисёр, ки пофишорӣ намудам, гуфт, намедонам, аз падару модарам пурсед. Баъд аз як ҳафта хонаи онҳо рафта, аз падару модараш хоҳиш кардам. Дар аввал розӣ нашуданд. Баъд модару бобояш ҳамроҳи ман ба Душанбе омаданд, театрро дида ва ба ман фарзандашонро бовар карданд",-нақл кард ӯ.

Аз бойгонии "Озодӣ":

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Театри кӯтоҳқадон



Ҳамин тавр, Бекмуҳаммад Асомиддинов ҳамаи 10 ҳунарманди театрро дар муддати чанд сол ҷамъ овард, ки феълан 7 нафари онҳо дар намоишномаи телевизионии "Баҳодур" ҷалб шудаанд.

Парвина Абдуллоева, ҳунарманди театри мазкур, дар ин филм нақши аҷузаро мебозад. Ба гуфтаи ӯ, се сол боз дар "Афсона" кор мекунаду то ҷое аз ҳунари актёрӣ бохабар шудааст. Вале Парвина мегӯяд, ҳоло ӯро як каме ҳаяҷон пахш кардааст. Зеро то ҳол ӯ танҳо дар саҳна ҳунарнамоӣ мекарду аз олами телевизион бехабар аст. "Талош дорам, ки аз ӯҳдаи ин нақш бароям. Бо устод кор мекунем, шабу рӯз дар ҳамин театр ҳастем, ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Рӯзамон бо машқу тамрин мегузарад. Ҳунари актёриро ҳам аз устод омӯхтем",-афзуд ӯ.

Сенарияи филми "Баҳодур" аз ҷониби шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тасдиқ шуда, қисман аз ҷониби ин ниҳод сармоягузорӣ низ мешавад. Он дар Симиганҷи Ромит, қалъаҳои "Ҳулбук" ва "Ҳисор" ба навор гирифта хоҳад шуд. Ба гуфтаи директори "Шабакаи аввал"-и телевизиони Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб, ҷанбаи тарбиявии сенария, ки дар ниҳоди насли наврас метавонад, хислатҳои неки инсонӣ назири нотарсӣ, далерӣ, ватандӯстӣ ва ҳисси миллиро ҷой кунад, пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ кашидааст. Ҳамсӯҳбати мо илова кард, "ҳамон лаҳзаҳое, ки воқеа рӯй медиҳад, оне, ки кӯдак хаёл мекунад, мебинад, хуллас ҳаёти бачаҳоро, ки пур аз шӯру ошӯбу шавқу ҳавасҳои зиёд аст, ифода карда тавонистааст. Умуман писандам омад ва ман розигӣ додам, ки ин филм ба навор бардошта шавад, чунки гумон мекунам як намоиши хубу диданӣ хоҳад шуд."

Феълан буҷаи ин филм ба 10,5 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ба гуфтаи соҳибназарон ба навор бардоштани як филми ҳунарии ҳирфаӣ бо чунин маблағ ғайриимкон аст. Аммо дастандаркорони филм умед бар он мебанданд, ки дар оянда боз маблағи бештар пайдо намуда, ҳамаи он чиро, ки мехоҳанд, рӯи навор оваранд.

Дар ҳамин ҳол, муаллифи филми "Баҳодур" Бекмуҳаммад Асомиддинов мегӯяд, қарор аст, ба наворгирӣ ва бандубасти филми мазкур то соли оянда ба итмом расонида ва моҳи марти соли 2013-ум пешкаши ҳаводорон гардонида шавад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ