Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, ки омилони марги Ҳамза Икромзодаро ошкор намояд.
Эътилофи 8 созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон, аз ҳукумати кишвар даъват кардаанд, ки ба зудтарин фурсат барои маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода (Ҳамзаалӣ Икромов) тафтишоти ҳамаҷониба ва мустақилона анҷом диҳад.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар баёнияи муштараки худ, ки 26-уми сентябр дар Душанбе ба нашр расид, бо нигаронии амиқ таъкид кардаанд, ки ҳукумат кафолати ба ҷазои ҷиноӣ кашида шудани омилони марги Ҳамза Икромзодаро бидиҳад ва аз ҷараёни ин тафтишот волидони Икромзода ва ҷомеаи кишварро дар ҷараён гузорад.
Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст.
Дар ин баёния омадааст, ки ҳодисаи бар асари шиканҷа кушта шудани Ҳамза Икромзода, дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Эътилофи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳукумати кишвар даъват ба амал овардаанд, ки доир ба марги Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Исмоил Бачаҷонов, Д. Мурод, Исмонбой Бобоев ва Х. Бобокалонов тафтишоти ҳамаҷониба ва бонатиҷа анҷом диҳад.
Ин афрод дар солҳои мухталиф ҳангоми боздошт ва нигаҳдорӣ дар маҳбас ва боздоштгоҳҳои мувақатии ниҳодҳои қудратӣ, дучори марг шудаанд.
Зери ин баёнияи Эътилофи созмонҳои алайҳи шиканҷа «Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро», Мактаби мустақили рӯзноманигории Тоҷикистон «Асри 21», Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар ва қонунмандии Тоҷикистон, Лигаи занони ҳуқуқшинос, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон, Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» имзо гузоштаанд.
Тоҷикистон ба маҳзи бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар гузоришҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳамеша танқид мешунид. Соли гузашта ин мавзӯъ бо ҳалокати Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Баҳромиддин Шодиев дар боздошт, доғтар шуд.
Як мояи дигари интиқодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба таври мунсифона таҳқиқ нашудани чунин маворид, бо муҷозоти хеле сабук халос шудани маъмурони гунаҳкор ва то ҳол ҷуброни молӣ нагирифтани ягон хонаводаи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон аст. Таҳти оташи ин интиқодот, Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврал як банди алоҳидаи Қонуни ҷиноиро ба шиканҷа ихтисос дод.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар ҳамагӣ 5 мавриди шиканҷа собит шудааст. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, чунин маворид дар асл хеле бештар аст, вале аз як сӯ, шикоятҳо дуруст таҳқиқ намешаванд ва ҳам бисёриҳо аз тарси таъқиб, лаб ба шикоят намекушоянд.