Вазорати дохилаи Афғонистон аз боздошти як рӯҳонӣ дар иртикоби муҷозоти хориҷ аз қонуни як духтари наврас хабар дод. Ин духтари 15-сола, ки Собира номаш мебаранд, рӯзи 15 сентябр аз ҷониби се мулло бо ҷурми равобити беникоҳ бо як писари 18-сола ба 100 шаллоқ маҳкум шуд. Маъшуқи ӯ аммо 80 000 афғонӣ, муодили 1600 доллар ҷарима баста шуд. Парлумони Афғонистон ба дунбол таҳқиқи ин муҷозоти ғайримашрӯъ дар улусволии Ҷағории вилояти Ғазниро ба роҳ андохт. Дирӯз дар Кобул ба ҳимоят аз Собира садҳо тан раҳпаймоӣ карданд.