Марги Ҳамза Икромзода дар зиндон: Худкушӣ ё шиканҷа?

Баҳром Абдулҳақов

Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи зиндонҳои вазорати адлия, гуфтааст, "Ҳамза Икромзода худкушӣ карда буд".
Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон исрор меварзад, ки иллати марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе худкушӣ буд ва касе ӯро шиканҷа надодааст.

Муовини раиси ин идора, Баҳром Абдулҳақов, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, Ҳамза Икромзода, ки аз 16-уми сентябр дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО қарор дошт, шоми 20-уми сентябр худро бо куртааш дар панҷараи дар овехт. Ба қавли ӯ, мақомоти маҳбас бо кумаки табибон тамоми корро кардаанд, то ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ҷаноби Абдулҳақов афзуд, бо тавсияи табибон дар чанд ҷои бадани Икромзода зарфҳои оби ҷӯш гузоштанд ва вақте набзаш аз задан монд, 3 дафъа аз электрошок кор гирифтанд. Ин масъули идораи зиндонҳо изҳои мушоҳидашуда дар сари синаи Ҳамза Икромзодаро изи электрошок медонад.

Пайвандони Ҳамза Икромзода ҳам мегӯянд, дар чанд ҷои бадани ӯ изи дарзмол буд, на электрошок. Табибон ҳам мегӯянд, электрошок метавонад пӯсти бадандро сиёҳ кунад, вале ба дараҷае, ки дар бадани маҳбуси ҳалокшуда буд, намесӯзонад.

Марги Ҳамза Икромзода: Худкушӣ ё шиканҷа?



Саид Нодиров, корманди собиқи дармонгоҳи марказии бемориҳои қалби ҷумҳурӣ мегӯяд, дар як рӯз даҳҳо бор барои ба ҳаракат овардани қалби беморон аз дефибриллиятор истифода мекарданд ва он ҳаргиз мисле, ки аз оташ пӯсти бадан месӯзад нишона намегузорад.

Ба қавли ӯ, дастгоҳи дефибриллиятор ё электрошок аслан асбоби табобатӣ буда, тавре сохта шудааст, ки ҳангоми истифода хатари доғи сӯхтани пӯстро надорад. "Барои мушаххас кардани ангезаи сӯхтани пуст бояд ташхиси гистологӣ анҷом дорда шавад",-афзуд ӯ.

Амир Икромзода, бародари Ҳамза мегӯяд, мақомоти зиндонҳо бо чунин шарҳ мехоҳанд худро сафед кунанд, вале ӯ барои тантанаи адолат ва муҷозоти омилони шиканҷаву азият ва марги бародараш то охир мубориза хоҳад бурд. Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки ду сол пеш бо ҷурми нигоҳ доштани аслиҳа ва ғоратгариву тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 20-уми сентябр ба таври мармуз дар зиндони рақами яки Душанбе даргузашт. Пайвандонаш мӯътақиданд, ки ӯро шиканҷа дода куштаанд.

Шиканҷаи боздоштшудагону маҳбусон аз масоилест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистонро дар гузоришҳои байналмилалӣ “беобрӯ” мекунад.

Сӯҳбати ҳамкори мо Мирзои Салимпур бо Амир Икромзода:

http://www.ozodi.org/externalaudio-FLRM/Audio/371666.html