Ҳудуди 100 нафар бо тақозои муҷозоти муаллифи “Бегуноҳии мусулмонон” дар назди сафорати ИМА дар Бишкек ҷамъ омаданд.
Рӯзи сешанбе, 25-уми сентябр, даҳҳо сокини мусалмони Қирғизистон дар назди сафорати Амрико дар Бишкек ҷамъ омада, хостори муҷозоти таҳиягари "Бегуноҳии мусалмонон" шуданд.
Ташкили ин гирдиҳамоиро вакили мардумӣ аз ҳизби "Ор-Номус" -- Турсунбой Боқир-уулу, раҳбари созмони занони мусулмон бо номи “Мутакаллим” -- Ҷамол Фронтбек-қизӣ ва пешвои динӣ Дуйшен-Ҳоҷӣ бар ӯҳда доштанд.
Эътирозгарон бо паёме ба раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, ва Конгресси Иёлоти Муттаҳида муроҷиат намуда, аз мақомоти ин кишвар даъват намуданд, ки ба ташвиқи ихтилофҳои байнимазҳабӣ роҳ надиҳанд.
Ин гурӯҳи тазоҳургарон қатъномаи худро ба Дейвид Маккорник, ёвари сафири Амрико дар Бишкек, таслим карданд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дипломати амрикоӣ гуфт, баъд аз ошноӣ бо паём ҷавоби мақомоти амрикоӣ пахш хоҳад шуд.
Барои ҷилавгирӣ аз хушунатҳои эҳтимолӣ тақрибан 200 афсари пулис эътирозгаронро иҳота карда буданд. Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз фаъолони созмони ғайридавлатии “Мусулмонони воқеӣ” дар назди сафорати Амрико дар Бишкек як раҳпайомии хурде бо тақозои манъи филми зиддиисломӣ ташкил карда буданд.
Ҳамчунон ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек намоиши филми “Бегуноҳии мусулмонон” дар қаламрави ин кишварро манъ кард. Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтанд, дастрасӣ ба филми “Бегуноҳии мусулмонон” тавассути интернетро низ қатъ намоянд. Додситонии кулли ин кишвар дар робита ба нашри филм дар YouTube тафтишот гузаронд ва эълом дошт, ки “дар ин филм нишонаҳои барангехтани низои мазҳабӣ ба чашм мерасанд ва аз ин рӯ пахши он аз тариқи интернет дар кишвар манъ аст”.
Дар банди 31-уми Қонуни асосии Қирғизистон тарғиби нафрати мазҳабӣ ва даъват ба душманиву хушунат мамнӯъст. Аз ин пештар, Додситонии кулли Русия ҳам эълом дошт, ки аз додгоҳ хостааст, то дар мавриди манъи пахши филми зиддиисломӣ дар қаламрави кишвар ҳукм содир кунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон изҳор доштаанд, ки ба нишони эътироз аз филми "Бегуноҳии мусалмонон", ки дар он ҳазрати Муҳаммад итсеҳзо шудааст, Оскари соли 2013-умро таҳрим ё бойкот хоҳанд кард. Вазири фарҳанги ин кишвар гуфтааст, онҳо аз давлатҳои дигар ҳам дархост доранд, ки аз иқдоми Эрон ҳимоят кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад