Интиқоди ниҳодҳои аврупоӣ аз интихобот дар Белорус

Иттиҳодияи Аврупо ва дигар ниҳоду созмонҳои байнулмилалӣ мегӯянд, ки интихоботи парлумонӣ дар Белорус озодонау одилона сурат нагирифтааст.

Дар изҳоротҳо аз номи раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс, ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо, қабл аз ҳама, ба шароити нобаробари мубориза барои намояндагони мухолифинн, дастрасӣ надоштани мухолифин ба расонаҳо. фишор болои номзадҳову интихобкунандагон ва қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ таъкид шудааст.

Дар натиҷаи интихобот нафаре аз намояндагони мухолифини белорус ба парлумон роҳ наёфт. Нерӯҳои асосии мухолифи ҳукумати Минск интихоботро таҳрим карда буданд.

Аммо мақомоти Белорус мегӯянд, ки интихобот демократӣ сурат гирифт. Ҳайати нозирон аз Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ҳам ягон қонуншикании ҷиддӣ дар ин маъракаи сиёсиро сабт накардааст.