Мақомоти Русия: "Мо ба касе вакcина надодаем"

Мақомоти Русия мегӯянд, ки маргу мири ҳайвонот дар Узбакистон ва Қирғизистон ба вакcинаи русӣ ҳеҷ рабте надорад.
Денис Колбасов, раҳбари Маркази пажуҳишҳои байторӣ, вирусология ва микробиологияи Академияи улуми Русия вуҷуди ваксинаҳои русӣ дар қаламрави Узбакистону Қирғизистонро рад кард. Вай гуфт, ин мавод танҳо дар қаламрави Русия пахш шуд ва то ҳол ҳеҷ шикояте дар бораи сифати он дастрас нашудааст.

Ин мақоми рус афзуд, ваксинаҳое, ки дар Узбакистон истифода шудаанд, ҷаълӣ ё тақаллубӣ буда, ҳеҷ рабте ба маҳсулоти Русия надоранд. Ӯ ҳамзамон илова кард, “гуфтан душвор аст, ки марги ҳайвонҳо дар пайи истифодаи ваксина ба миён омадааст ё сабаби дигар.”

Кишоварзону мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, танҳо дар вилоятҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Ҷиззах бештар аз 12 500 гӯсфанд талаф ёфтааст. Як мутахассиси Раёсати байтории вазорати кишоварзии Ӯзбакистон ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки гӯсфандоне, ки ваксина гирифтаанд, дар муддати се чаҳор рӯз мемиранд. Ӯ афзуд, маълум нест, ваксинаи олуда аз куҷо ворид шудааст, вале мақомоти интизомӣ як нафарро бо иттиҳоми фурӯши ин ваксина ба муассисаҳои кишоварзӣ дар Ӯзбакистон боздошт кардаанд: “Мо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунем. Аз роҳи қочоқ ин доруро ворид карда ва ғайриқонунӣ ба кишоварзон фурӯхтаанд. Мо таркиби онро намедонем ва намедонем, ки он чӣ ҳаст.”

То кунун аз 5500 дона, ваксинаи олударо мусодира кардаанд, вале гуфта мешавад, дар маҷмӯъ тақрибан 70 ҳазор ваксина дар вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё ва Самарқанд тақсим шудааст. Ба гуфтаи як байтори ӯзбак, агарчӣ хӯрдани гӯшти ин гӯсфандони бемор тавсия дода намешавад, аммо дар сурати дуруст пухтан, гӯшти он барои сиҳатии инсон зарар надоштааст. Вале айни замон мақомоти Ӯзбакистон фурӯши гӯшти гӯсфанд дар маҳалаҳои наздик ба хуруҷи бемориро мамнӯъ кардаанд.

Айни ҳодиса дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон мушоҳида шудааст, ки дар онҷо 1700 гӯсфанд баъди гирифтани ваксинаи шабеҳ мурдаанд.Таҳқиқи муқаддамотӣ нишон додааст, ки ваксинаҳои олуда бар зидди бемории гулафшонро як байтори маҳаллӣ аз Ӯзбакистон ба Қирғизистон овардааст.

Эмомат Каламатов, сарбайтори вилояти Ҷалолобод дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: “Намунаҳои ваксинаро ба Ош фиристодем, ки ташхис кунанд. Дар Бишкек низ намунаҳоро ташхис мекунанд. Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ ба ин кор машғул аст. Натиҷаҳо рӯзи ҷумъа маълум мешавад, айни ҳол мо чизе дар бораи таркиби ваксина намедонем. “

Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки 4 ҳазору 500 нафаре, ки аз гӯшти гӯсфанди бемор хӯрдаанд, зери назорати табибон қарор доранд, то дар сурати ҳаргуна беморӣ фавран муолиҷа карда шаванд. Аммо то кунун ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ ба инсонҳо дар ҳарду кишвар ба мушоҳида нарасидааст.

Тойирбек Ҷоробеков, муовини сардори раёсати минтақавии милиса дар Ҷалолобод гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши беморӣ дар ин минтақа карантин эълом кардаанд: “Бар асоси фармони раёсати минтақавии умури дохилӣ мо посгоҳҳои махсус таъсис додем, то нагузорем, ки гӯшти гӯсфанди бемор ва ё гӯсфандҳои беморро ба дигар минтақаҳо баранд. Посгоҳҳо 24 соат кор мекунанд.”

Як тоҷири маҳаллии қирғиз, ки ваксинаҳоро харида ва ба сокинони Ҷалолобод дар Қирғизистон фурӯхтааст, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, дар ваксинаҳо исми Пажӯҳишгоҳи байтории шаҳри Покрови Русия навишта шудааст.