Серик Аҳмадов нахуствазири ояндаи Қазоқистон?

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, Серик Аҳмадов, муовини аввали нахуствазирро, ба мақоми нахуствазир пешниҳод кардааст. Дар ин бора Нурлан Негматуллин, раиси порлумони Қазоқистон аз тариқи торнамои Твиттер хабар дод. Субҳи рӯзи душанбе Карим Масимов, нахуствазири деринаи Қазоқистон бо тамоми аъзои ҳукумат истеъфо дод ва худаш раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур таъйин шуд. Серик Аҳмадови 54-сола, ки моҳи январ муовини аввали нахуствазир шуд, муҳандис аст ва дар гузашта дар мақомҳои раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва вазири нақлиёту мухобирот кор кардааст.