“Барқи тоҷик” лимити нерӯи барқ дар маҳалҳоро рад кард

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, ҳанӯз дар манотиқи кишвар лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони ноҳияи Тавилдара ва деҳаи Хонақоҳи ноҳияи Ҳисор, деҳоти атрофи Душанбе, аз маҳдудияти барқ ва пайваста хомӯш шудани он дар манозили худ шикоят мекунанд.

Аҳмад Сиҷоуддинов, як сокини деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара, рӯзи душанбе, 24-уми сентябр, дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳашт соат барқ надоштанд. Сокинони деҳаи Хонақоҳи Ҳисор низ гуфтанд, тайи панҷ рӯзи охир то ду соат барқи онҳо хомӯш карда мешавад.

Аммо сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ҳанӯз масъалаи ҷорӣ шудани маҳуқуқияти барқ дар миён нест ва ба қавли ӯ ҳатто нерӯи барқ барои насосҳои обкашӣ қатъ карда нашудааст. Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, дар баъзе маҳалҳое, ки барқ хомӯш мешавад, мушкили фаннист, ки ба зудӣ ислоҳ хоҳад шуд.

Дар зимн, торнамои "Барқ нест" гузориш додааст, ки рӯзи 23-юми сентябр дар ноҳияи Тавилдара 8 соат ва дар ноҳияи Варзоб ҳудуди 2 соат барқ хомӯш карда шудааст.