Нишасти чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир дар Душанбе

Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нишасти севуми кишварҳои чаҳоргонаи зидди маводи мухаддир -- Афғонистон, Покистон ва Русияву Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, дар ин нишаст роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон барои солҳои 2013-2017-ум баррасӣ мегардад.

Дар ин ҳамоиш раисони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири ин кишварҳо иштирок ва харита ё нақшаи роҳро, ки як барномаи ҷадиди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон аст, баҳс ва онро тасвиб хоҳанд кард.

Нишасти нахустини ин чаҳоргона дар моҳи декабри соли 2010-ум дар Кобул ва нишасти дувум дар моҳи сентябри соли гузашта дар Маскав баргузор шуда буд.