Дар офати табиӣ дар Ҳинд 26 нафар ҷон бохтаанд

Бар асари обхезӣ ва ярч дар шимолу шарқи Ҳиндустон дасти кам 26 нафар ба ҳалокат арсида, 8 каси дигар то ҳол беному нишонанд.

Бар асари борронгариҳои шадиди чанд рӯзи ахир рӯдхонаи Брахмапутра ва чанд шохобаш аз соҳилҳо берун шуданд. Дар натиҷа аёлатҳои Сикким, Ассам ва Аруначал-Прадеш осеб диданд. Офати табиӣ рӯзгори садҳо ҳазор сокинони маҳаллиро хароб кард.

Мақомоти Ҳиндустон ба кӯмаки осебдидагон шитофтанд ва аз ҳавопаймоҳо барои мардуми бехонумоншуда маводи озуқа мепартояд.