Писари С.Кенҷаев: "Падарам фарзанди замони худ буд..."

Шералӣ Кенҷаев, писари Сафаралӣ Кенҷаев

Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ бо Шералӣ Кенҷаев, муовини раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев.
Озодӣ: Аз 13 сол ба ин сӯ муовини раиси ҲСТ ҳастед, аммо чаро худро ҳамчун сиёсатмадор натавонистед муаррифӣ кунед?

Шералӣ Кенҷаев: Пас аз марги падарам ман тақрибан 9 моҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲСТ будам. Хеле фаъол будем. Аз он ҷумла дар интихоботи Маҷлиси намояндагон иштирок кардем. Ҳамон вақт фаҳмидам, ки тамоми ин интихоботҳо дурӯғ аст ва як мазҳака мебошад. Дар ҳамин давраи интихоботи соли 2000 маро ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон, агар хато накунам, шӯъбаи масъул ба ҳизбҳои сиёсӣ даъват карда, гуфтанд, ки биё, ҳамкорӣ кунем. Аммо ин гуфтугузорҳо супоришӣ ба ман маъқул наомад, зеро супоришӣ буданд ва моро мехостанд тобеи худ кунанд. Пас аз ин боз чанд маротибаи дигар маро ба дигар идораҳои давлатӣ даъват карда, ҳатто вазифа пешниҳод карданд. Ман ҳам нарафтам ва ҳам пешниҳодҳояшонро қабул накардам. Пас аз ин фаъолиятҳои ман, бархе аз дӯстони падарам маслиҳат доданд, ки бояд то замоне худдорӣ кунам, ором бошам.

Озодӣ: Бо ин вуҷуд, чаро пас аз Сафаралӣ Кенҷаев, ҲСТ як ҳизби матраҳ набуд?

Шералӣ Кенҷаев: Фаъолияти ҲСТ хеле хуб буд, то соли 2004. Чанд «дӯст» -и ҳамҳизбамон, ки соли 2000 аз ҳизб хориҷ шуда буданд ва узви ҲСТ набуданд, бо супориши ҳукумат худро раҳбарони ҳизб эълон карданд. Бо ҳамин моро, «вне игры», яъне ғайрибозӣ карданд ва фаъолиятҳоямон суст шуд. То ба имрӯз тавассути додгоҳҳову созмонҳои байнулмилалӣ, ҳатто СММ мубориза мебарем, ки ҲСТ ба дасти аъзоёни ҳақиқиаш баргардад. Аммо бо ин вуҷуд, мо бо аъзои ҳизб дар ноҳиву вилоятҳо кор карда истодаем.

Озодӣ: Ҳоло чӣ кор карданӣ ҳастед? Худи Шумо, масалан, дар ҷаласаҳои ҳизбҳову нишастҳо зиёд пайдо мешавед, ягон барнома доред?

Шералӣ Кенҷаев: Бале, мо ҳамоно мехоҳем, ки ҲСТ- ро аз дасти роҳбарони «қонунӣ»-и нолоиқ гирем. Барои ин мехоҳем дар навбати аввал Анҷуман даъват кунем ва раиси нави ҳизбро интихоб намоем. Ин Анҷуманро ман ё Мирҳусейн Назриев ҳам даъват карда натавонем, созмонҳои ибтидоӣ аллакай ташаббус нишон доданд, ки он баргузор шавад. Мо раиси навро интихоб карда, вазорати адлияро огоҳ мекунем. Қабул карданд, хеле хуб, агар не, бо роҳбарии раиси нав бо ҳизбҳои дигари сиёсии ҳамфикри худ ҳамкорӣ мекунем. Масалан, дар интихоботи соли 2013 ё номзади худро пешниҳод мекунем, ё аз номзади арзандаи дигаре дастгирӣ менамоем.

Озодӣ: Номзадиатонро ба раисии ҲСТ Шумо ҳам пешниҳод мекунед?

Шералӣ Кенҷаев: Ин ба салоҳияти Анҷуман аст. Касеро интихоб кунад, ҳамон мешавад. Аз ҳама муҳим одами лоиқ ва содиқ ба идеяҳои ҳизб бошад.

Озодӣ: Шуморо ҳамчун писари Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва чеҳраҳои хеле муассири ҷанги дохилии Тоҷикистон мешиносанд. Ин танҳо муаррифии Шумо хоҳад буд, яъне ҳамоно зери сояи ном ва обрӯи падар хоҳед амал кард?

Шералӣ Кенҷаев: Падарам фарзанди замони худ буданд. Як бачаи деҳқон буданд, аммо дар 33 – солагӣ додситони ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино) буданд. Дар вазифаҳои бисёр баланд кор карданд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ аз шахсиятҳои

Сафаралӣ Кенҷаев, муассиси ҲСТ

муассир ҳисоб меёфтанд. Хулоса, шахсияти худро он кас худашон сохта, бо пайроҳаҳои худ обрӯ ёфта буданд. Ман ҳам фарзанди замони худ ҳастам. Ман дар оилаи додситон таваллуд шудам. Камбудиро намедонистам. Ҳоло ҳам, Худоро шукр, камбудӣ надорам. Ман пайроҳаҳои худро гузаштаам. Аммо ҳоло мехоҳам обрӯи ҲСТ - ро, ки дар замони падарам дошт, бо тамоми аъзои ҳизб барқарор кунам. Шояд бо ҳамин роҳ рӯҳи он касро шод карда тавонам.

Озодӣ: Шуморо киҳо метавонанд дастгирӣ кунанд, ҷонибдорони падаратон ё худатон ҳам ҷонибдор доред?

Шералӣ Кенҷаев: Бале, асосан онҳое ҷонибдори моянд, ки ҷонибдори падарам буданд. Дар ин миён ҷавонон ҳам ба ҳизб ҷалб шуданд, ки ҷонибдорони худи ман ҳастанд.

Озодӣ: Зимнан, аз падари Шумо ҳамчун «одами Узбакистон» ва нафаре ёдовар мешаванд, ки соли 1992 бо узбакҳо ба Душанбе ворид шуда буд. Яъне, исми он кас шояд ба бисёриҳо нохушоянд бошад ва ин ба имиҷи Шумо ҳам бетаъсир намемонад. Шумо чӣ назар доред?

Шералӣ Кенҷаев: Бале, ин ҳарфҳоро мешунаваму мехонам ва дар ҳайрат мемонам, ки чаро воқеиятҳоро таҳриф мекунанд. Аввалан, «одами Узбакистон» будани падарам рӯзи оғози сессияи 16-ум дар Қасри Арбоби Хуҷанд ботил шуд, ки як гурӯҳи хуҷандиҳо, ки иҷлосияро коргардонӣ мекард, дар ҳамкорӣ бо СНБ ӯро бо роҳи фиреб ба Тошканд бурда, панҷ рӯз дар «каталажка» ё боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилаи Узбакистон маҳкам карданд. Узбакистон сари ӯ чӣ нақша дошт, намедонам. Падарам мегуфт, ки эҳтимол дошт ӯро нобуд кунанд. Ин ҷо овоза карданд, ки дар Шаҳритус ӯро савори БТР дидаанд. Аммо ҷонибдоронаш дар Зафаробод вақте мебинанд ӯ дар сессия нест, шӯр мебардоранд. Ҳама ҷамъ шуда, аз раиси ноҳия талаб мекунанд, ки агар одами мо дар сессия пайдо нашавад, мо ба Хуҷанд юриш мекунем. Дар ин бора гап зиёд аст ва ҳамаи қисса дар китоби чоруми падарам навишта шудааст. Хулоса, агар Узбакистон аз падарам истифода кард, пас маълум мешавад, ки ӯро фурӯхт.
Дуввум, дар бораи гӯё бо узбакҳо ба Душанбе ҳуҷум кардан. Онҳо узбакҳои Ҳисору Регару Шаҳринав буданд. Ягон нафар шаҳрванди Узбакистон набуд. Инро ҳам падарам мегуфт. Лекин ҳамроҳи ӯ русҳо ва тоҷикони дигар шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Хатлону Кофарниҳон ҳам зиёд буданд. Инро касе намегӯяд. Намегӯяд, ки узбакҳои Тоҷикистон дар дастаҳои дигари Фронти Халқӣ ҳам кам набуданд. Маълум, ки барои сиёҳ кардани падари ман ба душманонаш ҳамин гапҳо заруранд ва онҳо инро такрор ба такрор мегӯянд. Падарам 24 октябри соли 1992 бо автомат омада буд, аммо водии Ромиту Қаротегинро ӯ бо тайёраҳои Узбакистон бомбаборон накарда буд. Он вақт ҳукумат ташкил шуда, падарамро аз бозӣ берун карда буданд.

Озодӣ: Падаратонро худатон чӣ гуна мешиносед? Оё он чӣ дар бораи ӯ мегӯянд, дуруст аст? Ба назари Шумо, ӯ дарвоқеъ хатогиҳо зиёд карду аз сабабгорони ҷанги шаҳрвандӣ буд?

Шералӣ Кенҷаев: Чунин ҳарфҳоро дар бораи падарам зиёд мегӯянд. Соли шурӯъи ҷанги дохилӣ ман 19 сол доштам ва ба андозаи фаҳмишҳоям воқеаҳоро медидаму таҳлил мекардам, ки гап куҷосту кор куҷост. Ҳоло мегӯям, ки аксари кулли шахсиятҳои ҷанги дохилӣ на камтар аз падари ман дар ин ҳодисаҳо нақш доштанд. Агар онҳо ҳам мардона эътироф кунанд, хуб медонанд, ки кӣ ба кӣ хизмат мекард. Он замон ҳамаи онҳо хизмати хориҷиҳоро мекарданд, аз ҷумла Узбакистон ва Русияро. Падарам одами зудбовар ва якқавлу якгап буд. Ӯ ба гапи онҳое, ки худро ба ӯ дӯст мегирифтанд, бовар кард, аммо фиреб хӯрд. Бовар дорам, замоне ягон таърихнигори мустақил ва бетараф ҳақиқатро менависад.

Озодӣ: Кадом кори падаратон бештар аз ҳама ба хотиратон меояд?

Шералӣ Кенҷаев: Падарам дар оила шахси меҳрубону ором буд. Медидам, ки асабӣ аст, аммо сир бой намедод. Як ҳодиса то ба ҳол дар хотирам хуб мондааст. Зодрӯзи модарам буд. Ман дар додситонии ноҳияи Фрунзе (ҳозира Сино) кор мекардам. Бегоҳ як

Мирҳусайн Назриев, раҳбари ҷиноҳи сабтиномнашудаи ҲСТ

сабад гул харидаму ба хона овардам. Модарам онро дар як кунҷи хона монд. Падарам онро дида, ба модарам мегӯяд, ки инро кӣ овард. Мегӯяд: Шералӣ! Пас падарам мегӯяд, ки ин аз кадом ҳисоб бошад, бояд бо ӯ сӯҳбат кунам. Модарам пешакӣ маро огоҳ кард. Чун падарам наздаш хонд, гуфтам, ки медонам Шумо чӣ мегӯед, лекин ин сабади гулро ман бо пули маошам гирифтам. Чун Шумо хонаро таъмин мекунед, маоши ман танҳо барои худам мемонад. Ростӣ, нархи сабаби гул нисфи маоши ман буд. Падарам гуфт, ки мабодо пора нагирам ва номи худу ӯро доғдор накунам.

Озодӣ: Аз дӯстони падаратон касе ҳаст, ки оилаи Шуморо хабар гирад?

Шералӣ Кенҷаев: Чанд нафари ангуштшумор ҳаст, ки гоҳо меоянд. Аксарияташон ҳангоми вохӯриҳо хеле муҳаббат нишон медиҳанд. Боз ҳастанд касоне, ки бо падарам хеле наздик буданд, аммо умуман ёди мо намекунанд. Баъзеҳояшон дар кӯча маро бинанд, роҳашонро дигар мекунанд. Инҳо ҳам дӯстони падарам буданд, бо рафтани он кас, инҳо ҳам рафтанд. Ман аз ягон нафари онҳо наранҷидаам, ба онҳо ҳеҷ ғаразе надорам.

Озодӣ: Чаро аз додситонӣ рафтед? Хуб набуд, ки дар додситонӣ бошед, карйера кунед?

Шералӣ Кенҷаев: Аввал ин, ки пас аз марги падарам, дар додситониҳо афроди тасодуфӣ зиёд шуданд. Бо ҳар роҳ ба ман фишор меоварданд. Дуюм, ҲСТ бе роҳбар монд. Агар коргари додситонӣ мебудам, наметавонистам, ки узви ягон ҳизб бошам. Аз соли 1999 то соли 2000 ман раҳбари ҳизб будам. Ин ҷо гап зиёд аст, барои ҳамин ин кофист.