Дар ин нишаст, ки ба 70-солагии ӯ бахшида шуда буд, бештари суханронон аз Сафаралӣ Кенҷаев ба унвони як нафари мудофеи қонун ва ҳуқуқ, ҳомии назму тартибот, мубориз бо беадолатӣ ва як сиёсатмадори қурбонишуда ёдоварӣ карданд.
Нуралии Давлат, муаррихи тоҷик, ки дар робита ба ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пажӯҳишоти фаровоне анҷом додааст, мегӯяд, Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ, аз муассисони Фронти халқӣ ва бунёдгузори Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум аз чеҳраҳои матраҳ ва машҳур дар ин кишвар ба шумор мерафт.
Оқои Давлат афзуд, бахусус дар замоне, ки Кенҷаев ба унвони депутати Шӯрои Олӣ дар ҳайати комиссияи бозрасони ҳаводиси февралии соли 1990 шомил шуда хеле аз асрори нокушударо ошкор кард, нуфуз ва обрӯи ӯ дар ҷомеа хеле боло рафт. Аммо оқои Давлат гуфт, азбаски Кенҷаев дар сиёсат таҷрибаи кофӣ надошт ва аз ин ҷиҳат аз сӯи «партократ»-ҳои онвақта мавриди сӯиистифода қарор гирифт: «Сафаралӣ Кенҷаев дар солҳои навад яке аз шахсиятҳои машҳур ва матраҳшуда дар ҷомеаи Тоҷикистон буд. Дар он замоне, ки ба ҳайси депутати Шӯрои Олӣ кор мекард аз обрӯи вижа бархӯрдор буд. Аммо ман фикр мекунам, ки Кенҷаев дар сиёсат таҷриба камтар дошт. Аз ин интригаҳое, ки дар дохили ҳукумат мешуд аз ин интригаҳое, ки масалан барои вазифагирӣ ва барои вазифа мешуд, аз онҳо бехабар буд. Аз берун, ки ба идораи ҳукумат ворид шуда буд ва баъд ба яке аз чеҳраҳои калидӣ мубаддал шуд аз ин бозиҳое, ки партократҳои замони шӯравӣ соҳибмансаб будану ин бозиҳоро мефаҳмиданд, Кенҷаев чандон ворид набуд.»
Сафаралӣ Кенҷаев ба саҳнаи сиёсати калон тавассути Шӯрои олӣ роҳ ёфт. Депутати Шӯрои олӣ интихоб шуд ва баъди баргузории нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991, вакилони парлумон бо пешниҳоди Раҳмон Набиев ӯро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, Кенҷаев ба унвони як ҳуқуқшинос ва як додситон дар воқеъ як шахсияти хеле боҷуръат ва ҷасур ба ҳисоб мерафт. Зеро ӯ дар навиштаҳои худ масоилеро матраҳ мекард, ки дигарон дар гуфтани он чунин ҷуръатро надоштанд. Оқои Зойиров барои мисол гуфт, Кенҷаев аз он менавишт, ки кадрҳои милливу маҳаллӣ ба масъулиятҳои калидии мақомоти додситонӣ ва ё амният камтар ҷалб мешаванд.
Оқои Зоиров гуфт, аммо иштибоҳи ӯ ин буд, ки курсии раёсати Шӯрои олиро ишғол кард дар ҳоле, ки беҳтарин мақом барои ӯ мансаби Додситони кулли кишвар буд: «Кенҷаев пеш аз ҳама ҳуқуқшинос буд. Криминалист ва муфаттиши барҷастаи Тоҷикистон буд. Лекин ҳодисаҳои солҳои 80 ва 90 ҳамин тавр кард, ки Кенҷаев ба сиёсатмадор табдил ёфт. Вай дар аввал хоҳиши таъсиси ҳизби сиёсиро ҳам надошт. Лекин баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба сиёсат даромада дид, ки бо имкониятҳои ҳатто прокурорӣ ва мақомоти ҳуқуқӣ ба як натиҷа расидан ғайриимкон аст, ҳамин давра ӯ бевосита ба сиёсат ворид шуд ва панҷ шаш соли охири умраш ба сиёсат ворид шуд.»
Вале бархе дигар аз таҳлилгарон Сафаралӣ Кенҷаевро дар рух додани нооромӣ ва ҳамин тавр ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонидани кишвар муқассир меҳисобанд. Онҳо мегӯянд, ишғоли курсии раёсати Шӯрои Олӣ, ки асосан ба намояндагони қисмати шарқии кишвар мансуб буд ва муҳокимаи таҳқиромези вазири собиқи умури дохила Мамадаёз Навҷувонов ва аз тариқи телевизиони давлатӣ намоиш додани он аз тарафи Сафаралӣ Кенҷаев сабаб шуд, бадахшониҳои пойтахт даст ба майдоннишинӣ зананд ва ин майдоннишинӣ оғози ҳаводисе шуд, ки дар ниҳоят беш аз сад ҳазор кушта бар ҷой гузошт.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, Кенҷаев табиатан як марди мансабхоҳ буд ва ҳамин мансабхоҳии ӯ боис шуд, ки Тоҷикистон ба ҷангу хунрезии панҷсола мубтало шавад: «Соли 1992 ӯ бо ҳамроҳии хориҷиҳо ва гурӯҳҳои ӯзбакӣ ба пойтахти Тоҷикистон ҳамла кард. Баъдан зери фишори ҳамин гурӯҳ ва Фронти халқӣ буд, ки иҷлосия 16-ум дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Ва ин иҷлосия, ки имсол бистсолагии он таҷлил мешавад, шурӯъ ва идомаи нохушиҳову бебандубориҳову тоҷиккушиҳо дар Тоҷикистон шуд.»
Аммо баъдан Сафаралӣ Кенҷаев бо ҳукумати нави Тоҷикистон, ки дар рӯи кор омадани он худи ӯ низ саҳм дошт ба истилоҳ «чап» шуд. Ҳамин буд, ки ӯ соли 1996 дар шаҳри Хуҷанд созмони сиёсиеро бо номи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ташкил ва дар моҳи августи ҳамон сол дар вазорати адлия сабти ном кард.
Тибқи барномаи ҳизб, мебоист Сафаралӣ Кенҷаев дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат мекард. Вале дар остонаи интихобот Сафаралӣ Кенҷаев аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид ва то ҳол парвандаи куштори ӯ ҳамчунон пӯшида ва омилини ин куштор ошкорнашуда боқӣ мондаанд.